ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

СОЯРӮШАНҲОИ ПАРВАНДАИ ҶОСУСИИ ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Бахши русии Би Би Си дар як матлаб ба бархе паҳлуҳои зиддунақизи парвандаи ҷосусии ҳунарпешаи тоҷик Шарифҷон Тиллозода таваҷҷуҳ кардааст. ФСБ Русия Тиллозодаро ба ҷосусӣ барои Украина айбдор мекунад ва додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав ӯро то 10 декабри соли 2023 ба ҳабс гирифтааст.

Додгоҳ, ки ин парвандаро дар як мурофиаи пушти дарҳои баста муҳокима кард, ному насаби пурраи гумонбаршавандаро нашр накард ва ӯро танҳо “шаҳрванди хориҷӣ Тиллозода Ш.” ном бурд. Вале хабаргузории расмии Русия ТАСС хабар дод, ки “нафаре бо айни ному насаб” рӯзи 20 сентябри соли 2023 дар ҳудуди як “минтақаи баста” дар вилояти Маскав дастгир шудааст.

Додгоҳи шаҳри Одинтсово ӯро барои вуруд ба минтақаи мамнӯъ бар асоси қисми сеюми моддаи 18.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия 5 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми ихроҷаш аз Русияро содир кардааст ва то рӯзи депортатсия Тиллозодаро ба боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳраки Егоревски вилояти Маскав фиристодаанд. Аммо баъди чанде ба ҷои депортатсия ФСБ ба зидди Шарифҷон Тиллозода бо иттиҳоми ҷосусӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Би-би-си менависад, ки дар сомонаи додгоҳи шаҳри Одинтсово парвандаро пайдо кард, ки дар он ному насаби муттаҳам ба ҷосусӣ пурра оварда шудааст: Шарифҷон Тиллозода.

Протокол дар бораи қонуншикании маъмурии Тиллозода рӯзи 21 сентябр ба додгоҳ супурда шудааст, вале  додгоҳи Одинтсово парвандаро ба далели набудани маълумотнома аз “Бонки марказии маълумот дар бораи сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ” баргардондааст. Рӯзи 22 сентябр парвандаро якбора бо ду маълумотномаи иловагӣ — ҳам аз он марказ ва ҳам аз ФСБ боз ба додгоҳ супурдаанд ва ин дафъа додрас алакай баъди ду соат қарори ҷарима ва ихроҷи Тиллозодаро содир кардааст.
Дар қарори додгоҳ низ аз кадом кишвар будани Тиллозода ва дар кадом минтақаи бастаи вилояти Маскав дастгир шуданаш зикр накшудааст, вале бар асоси рӯйхатти чунин минтақаҳои бастаи Русия, ки ҳанӯз соли 1992 тартиб дода шудааст, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба чанд минтақаи воқеъ дар ҳудуди вилояти Маскав, аз ҷумла ба маҳалли ҷойгиршавии иншооти давлатӣ ва макони зисти роҳбарони баландпоя маҳдуд карда шудааст. Инҳо минтақаҳои Успенское, Жаворонки, Одинтсово ва Барвиха мебошанд, ки роҳбарони имрӯзаи Русия асосан ҳамин ҷо ба сар мебаранд.

Дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки Тиллозода гуноҳи худро эътироф кард. Тибқи қарори додгоҳ, ӯ ба Русия барои кор омада буд ва дар минтақаи баста бидуни иҷозати махсус қарор дошт.

Алакай баъди ҳабси Тиллозода маълум шуд, ки ӯ ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи сентябр ба расонаҳо видеое фиристода, дар он гуфтааст, ки дар як машқгоҳи ҳарбӣ машқ карда истодааст ва “маҷбур аст, ки ба ҷанг биравад, чунки илоҷи дигар надорад”.  Тиллозода дар ин навор шарҳ надодааст, ки чаро маҷбур аст, ки ба ҷанг биравад?

Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав (Московские суды общей юрисдикции) қаблан хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Лефортово рӯзи 10 октябри соли 2023 дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста масъалаи интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷосусӣ айбдор мешавад, баррасӣ кард ва ӯро ба муддати ду моҳ, яъне то 10 декабр ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Хадамоти матбуоти додгоҳҳои пойтахти Русия тафсилоти дигари надод, вале расонаҳои Русия хабар доданд, ки ин нафар Шарифҷон Тиллозода ном дорад. Аввалин шуда хабари бо иттиҳоми ҷосусӣ  барои Украина дастгир шудани Тиллозодаро нашрияи ба мақомоти қудратии Русия наздики Mash | Мэш нашр кард.

Ин нашрия навишт: “Як ҷосуси зодаи Тоҷикистонро дар Маскав боздошт ва алакай ҳабс карданд. Ӯ ба таври мунтазам ба Хадамоти амнияти Украина (СБУ) дар бораи макони ҷойгиршавии шабакаҳои дифои зиддиҳавоӣ дар атрофи пойтахти Русия маълумот мефиристод.

Бино ба иттилои мо, Шарифҷон Тиллозодаро дар ҳудуди як қисми ҳарбии махфӣ дастгир карданд. Аввал гумон карданд, ки ӯ мардикор асту роҳашро гум кардааст. Вале маълум шуд, ки ӯ акс мегирифт ва ба ураторҳои худ ба хориҷ мефиристод. Санҷиш нишон дод, ки ӯ мустақиман бо СБУ робита дошт. Ба ин муҳоҷир барои ҷосусӣ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад”.

Шарифҷон Тиллозода 32 сол дошта, худро ҳамчун ҳунарпешаи синамо муаррифӣ мекунад.

Шарифҷон Тиллозода 7 апрели соли 1991 дар деҳаи Филмандар дар канори шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буда, қариб ҳар рӯз аксу видео мегузошт ва талош дошт, ки дар филмҳои ҳиндию туркӣ нақш иҷро кунад. Ба ин хотир, Тиллозода як муддат ҳатто дар Туркия низ ба сар бурд.

Аммо дар матлабҳои охирини худ ӯ мегуфт, ки  барои кору зиндагӣ ба Маскав омадааст.

Онҳое, ки  Шарифҷон Тиллозодаро мешиносанд, ӯро як одами соддаю зудбовар меноманд ва мегӯянд, бовар надоранд, ки инсоне бо чунин хулқ битавонад барои ҷосусӣ кор биояд.

 “Ӯ як наргис аст, яъне одаме, ки худашро хеле ва хеле дӯст медорад. Шарифҷон дӯст медошт, ки шабу рӯз аз худаш аксу видео бигирад ва нашр кунад. Ҳар рӯз пахши мустақим дошт, ҳар рӯз аксу видеоҳо мегузошт. Агар ӯ ҷосус бошад, пас ман попи Румам”, – нақл кард ба “Бомдод” яке аз онҳое, ки Тиллозодаро хуб мешиносад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Андоза нигах дор ки андоза накуст
    Хам лоики душман асту хам лоики туст
    Барои кор Русия ?
    Пас :
    Хобгох-Корхона -Хобгох-Корхона…
    Иншоаллох ПУЛ баьд :
    ТОЧИКИСТОН
    Ин ки мегуяд кор наёфтам билкулл дуруг аст
    Ман ба ту баринхо чои кор бо хобгохаш дорам.
    Телефон барои маълумот
    89241159054

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button