ВидеоИқтисод

ОҒОЗИ РЕЙДҲО ВА ОШКОР ШУДАНИ 3 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НИРӮИ БАРҚ ДАР ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар пойтахти Тоҷикистон барои ошкор сохтани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нирӯи барқ гуруҳи корӣ таъсис дода шуда ва алакай дар чанд рӯзи аввали фаъолияти ин гуруҳ 3 ҳолати бе ҳисобкунак истифода бурдани нирӯи барқ аз ҷониби шаҳрвандон ошкор карда шуд.

Чунончӣ, шаҳрванд Раҳмонова Баҳринисо, санаи таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бар хилофи қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ амал намуда, чанд вақт боз дар дӯкони «Тезтайёр» бидуни ҳисобкунак нерӯи барқро ба манфиати худ истифода мебурдааст.

Инчунин зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Ҳалимов Додарбек Каримович, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Сабзикор ва шаҳрванд Зувайдов Холмаҳмад Исматович, соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе низ дар манзилҳои истиқоматиашон бе ҳисобкунак аз нерӯи барқ истифода бурда, бо ин амали худ талаботи қонунгузориро дағалона вайрон кардаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба ин 3 нафар тибқи талаботи моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ирсол карда шуданд. Бар асоси моддаи 382 барои худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти қувваи барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ, бе асбоби зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ ҳамчун ҷазо ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар шудааст.таъйин карда мешавад. Дар сурати дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ҳамин кирдор ҳаҷми ҷаримаҳо афзуда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.

Милитсияи Душанбе мегӯяд, ҳамасола бо амадани фасли сармо талабот ба истифодаи нерӯи барқ афзоиш ёфта, баъзе аз шаҳрвандон дар хонаву коргоҳи худ ба истифодаи ғайримақсаднок ва берун аз ҳисобкунакҳои барқӣ даст мезананд, ки ин амали ғайриқонунии онҳо ба буҷаи давлат хисорот ворид месозад. Бо мақсади таъмини бемамониати шаҳрвандон бо нерӯи барқ, ошкору пешгирии ҳолатҳои берун аз ҳисобкунак истифодабарии он ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ҷалби сохторҳои марбута гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳамарӯза рейду амалиётҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор менамоянд.

Он се нафари қонуншикан маҳз дар ҷараёни ҳамини рейдҳо ба даст афтодаанд.

Милитсияи пойтахт аз кулли шаҳрвандон хостааст, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода намуда, бо саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи он ва пешгирии ҳолатҳои берун аз ҳисобкунак истифодабарии нерӯи барқ дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар саҳми худро гузоранд.

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ

1. Барои худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти қувваи барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ, бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ , –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button