ВидеоМуҳоҷирон

ДАРЗМОЛ КАРДАНИ КУРТА 2 МИЛЛИОНАШ АФТОД: ҲУКМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ СӮХТОР ДАР ФУРӮШГОҲИ “БУМЕРАНГ” ДАР ШАҲРИ КУРСКИ РУСИЯ

Дар шаҳри Курски Русия барои зарари бузурге, ки дар натиҷаи сӯхтор дар фурӯшгоҳи “Бумеранг“ расонда шуд, ҷавони 27-солаи зодаи Тоҷикистон Файзуллоев ба 1 солу 10 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд. Бар асари сӯхтори рӯзи 2 сентябри соли 2022 дар ин фурӯшгоҳ як нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар зарар диданд. Телеграм-канали хадамоти муштараки додгоҳҳои вилояти Курск рӯзи 14 октябри соли 2023 хабар дод, ки аз Файзуллоев барои тарафи ҷабрдида – мағозаи “Ситилинк“ ҳамчунин як миллиону 887 ҳазор рубл, ё наздики 19 ҳазор доллар рӯёнда мешавад. Ҳаҷми умумии товон дар аввал беш аз 30 миллион рубл, ё 300 ҳазор доллар бо қурби имрӯзаро ташкил медод, вале ба ғайр аз “Ситилинк” 11 ҷабрдидаи дигар талаби товон накарданд.

Қаблан додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Курск Файзуллоевро бо 1 солу 6 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум карда буд, вале додраси қитъаи №12 ҳавзаи марказии шаҳри Курск рӯзи 13 октябр ҳукми ӯро то 1 солу 10 моҳ боло бурд. Файзуллоев бояд то адои ҳукмаш ҳар моҳ 10 фоизи маошашро низ ба давлати Русия бисупорад.

Бино ба фарзияи тафтишоту додгоҳ, субҳи 2 сентябри соли 2022 Файзуллоев ба ҷои кораш дар мағозаи “Омега-Планет“, воқеъ дар қабати сеюми фурӯшгоҳи “Бумеранг“, омада, дарзмоли бухорӣ (отпариватель) -ро ба барқ пайваст карда, як куртаро дарзмол кардааст. Вале баъд ӯ аз хатти барқ берун кашидани сими дарзмолро фаромӯш карда, берун рафтааст. Дар натиҷаи ин беэҳтиётӣ дарзмол оташ гирифта, баъди чанде дохили мағоза ва сипас мағозаҳои атрофро фаро гирифтааст. Дар натиҷаи сӯхтор як нафар ба ҳалокат расид.

Ҷабрдидагон 12 нафар буданд ва ҷамъи зарари расида беш аз 30 миллион ҳисоб шуда буд, вале аз ин шумор танҳо мағозаи “Ситилинк” бо талаби товон то ба додгоҳ рафт.

Хадамоти муштараки додгоҳҳои Курск гуфт, Файзуллоев дар ҷараёни мурофиа гуноҳро пурра ба гардан гирифта, аз кори карадаш изҳори пушаймонӣ кард. Вале, гуфта мешавад дар иттилоия, ӯ ҳақ дорад, ки аз ин ҳукм шикоят барад.

Худи Файзуллоев ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд ва маълум нест, ки ҳукми содиршударо мепазиранд ваё аз он шикоят хоҳанд бурд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button