Рӯйдодҳои БадахшонТиб ва беҳдошт/Муҳити зистТоҷикистон

ДАВЛАТӢ ШУД? Ё ҲАНӮЗ НЕ? ХАБАРҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ ДАР БОРАИ ТАҚДИРИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ХОРУҒ

Аз Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар бораи сарнавишти Маркази тиббии Оғохон гузоришҳои зиддунақиз ба даст мерасанд. Ин ягона маркази тиббии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ дар вилоят соли 2018 бо харҷи 25 миллион доллар аз ҷониби Хадамоти тандурустии Оғохон (Aga Khan Health Service) бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба хидматрасонии босифати тиббӣ бунёд шуда, ба сокинони ҳам Бадахшони Тоҷикистон ва ҳам Бадахшони Афғонистон хидмат мерасонд.

Манобеи гуногун қаблан хабар доданд, ки сарнавишти Маркази тиббии Оғохон ҳал шудааст ва онро давлатӣ кардаанд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон чандин иншооти дигари марбут ба сохторҳои Оғохон, аз ҷумла кӯдакистонҳо ва литсейи Оғохон, боғи бо 4 миллион доллар бозсозишудаи Хоруғ ва меҳмонхонаи “Серена Хоруғ”-ро давлатӣ карда буданд.

Аммо Маркази тиббии Оғохон рӯзи 11 октябри соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабари алакай баста шуданашро рад кард, вале вуҷуд доштани “масъалаҳои ҳуқуқи бо мақомоти дахлдор”-ро тасдиқ кард.

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Маркази тиббии Оғохон, шаҳри Хоруғ боз аст ва ба таври мӯътадил кор мекунад. Масъалаҳои ҳуқуқӣ бо мақомоти дахлдор баррасӣ мешаванд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи муассиссаи тиббии Оғохон.

Қаблан “ПамирИнсайд”, ки рӯйдодҳои марбут ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, бо такя бо “чанд манбаи огоҳ дар Хоруғ” хабар дод, ки “субҳи 9 октябр дарҳои Маркази тибби Оғохон дар Хоруғ расман муҳр зада шуда, ҳамаи кормандонаш аз кор ҷавоб дода шуданд”.

Шабакаи рушди Оғохон чанд моҳ боз бо мақомот дар масъалаи давлатӣ кардани Маркази тиббиаш баҳс дошт.  Моҳи июни соли 2023 додситонии ВМКБ ба додгоҳ ҷиҳати ба шаҳрдории Хоруғ додани ин муассисаи тиббӣ муроҷиат карда буд ва тавре ҳам интизор мерафт, додгоҳ ин тақозоро қонеъ гардонд. Муроҷиатҳои Шабакаи Оғохон ба зинаҳои болотари додгоҳӣ натиҷа надод ва ҳукми додгоҳ дар мавриди давлатӣ кардани Маркази тиббии Оғохон бетағйир монд.

Муносибатҳои байни мақомоти Тоҷикистон ва сохторҳои Оғохон дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон дар моҳи майи соли 2022, ки даҳҳо тан аз тазоҳургарон кушта шуда, беш аз 100 тани дигар аз зодагони ин вилоят боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд, бад шуд. Баъди саркӯби он эътирозҳо инак беш аз як сол боз сохторҳои Оғохон дар Тоҷикистон таҳти фишор қарор гирифтаанд.

Қаблан мақомот лисейи Оғохон дар шаҳри Хоруғро давлатӣ карда, лагерҳо ё урдугоҳҳои тобистона дар ҳудуди вилояти Бадахшонро, ки тақрибан 30 сол боз аз ҳисоби Фонди Оғохон маблағгузорӣ мешуданд, бастанд. Ҳамчунин дар Хоруғ чанд боғчаву кӯдакистоне, ки Хадамоти маорифи Оғохон маблағгузорӣ мекард, давлатӣ карда шуданд. Мақомот ҳамчунин меҳмонхонаи “Serena”  дар Хоруғ ва биноҳои марбут ба Аввалин Бонки молиявии хурд ва MSDSP (Барномаи пуштибонӣ аз рушди кӯҳистон)-ро мусодира карданд ва ҳоло талош доранд, ки Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғро давлатӣ карда, хостори бекор кардани сертификати замине шудаанд, ки бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар маҳаллаи Даштак дар Хоруғ дар ҳамин қитъаи замин сохта шудааст.

Шоҳзода Карим Оғохони IV, ки 85 сол дорад, аз соли 1957, инак 66 сол боз раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аксари сокинон ва зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Оғохон ҳамчунин тавассути сохторҳои худ чандин бунёди бузурги кумакҳои хайрия, ниҳодҳои таълимиву омӯзишӣ ва тиҷоратҳои зиёдеро раҳбарӣ мекунад. Сохторҳои Оғохон дар Тоҷикистон аз ҷумла тиҷоратҳои бузурге, чун ширкати мобили ТСЕЛЛ, Аввалин Бонки молиявии хурд (Первый микро-финансовый банк, нирӯгоҳи “Помир-1” (якҷо бо Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ, як сохтори Бонки ҷаҳонӣ) ва меҳмонхонаҳои “Серена“ дар Душанбе ва Хоруғро идора мекунанд ё мекарданд.

То кунун сохторҳои Оғохон давлатӣ кардани иншооти марбут ба онҳо дар Тоҷикистонро ягон бор расман шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button