ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

СИМИ БАРҚИ ХОНАИ МОДАРАНДАРИ РАҲБАРИ “ГУРУҲИ 24” СӮҲРОБИ ЗАФАРРО НИЗ БУРИДААНД

Кормандони шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ сими барқи хонаи Оиша Мирзоева, модарандари раҳбари ҳаракати оппозитсионии “Гурӯҳи 24” Сӯҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоевро дар деҳаи Кадучӣ низ буридаанд. Дар ин бора рӯзи 12 октябри соли 2023 худи Оиша Мирзоева  хабар дод. Мақомот то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вале Оиша Мирзоева алакай дуюмин нафар аз наздикони роҳбарони оппозитсия аст, ки аз бе ягон асос буридани сими барқи хонаашон шикоят мекунанд. Қаблан Оиша Абдуллоева, модари 72-солаи Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши оппозитсионии ислоҳот ва рушди  Тоҷикистон низ хабар дода буд, ки кормандони шабакаи барқи ноҳияи Фархор нимаи дуюми рӯзи сешанбе, 11 октябри соли 2023, тақрибан соати 16 омада, симҳои барқи хонаашро дар маркази ин ноҳия буридаанд, мегӯяд, ки мақомот сими барқи хонаашро буридаанд.

Оиша Мирзоева, ки дар солҳои фармондеҳии бародараш генерал Ғаффор Мирзоев, маъруф ба Ғаффор-Седой” муовини раиси ноҳияи Восеъ буд, вале баъди дар соли 2005 боздошт шудану сипас ба ҳабси умрбдод маҳкум шудани бародараш аз мансаб маҳрум шуд, гуфт, ки се корманди барқи ноҳияи Восеъ ба деҳаи Кадучӣ омада, сими барқи хонаи ӯро буриданд.

“Сардори шабакаҳои барқи ноҳия ҳамроҳашон буд. Вақте пурсидам, ки қарздор ҳастам? Гуфт, не. Пурсидам, пас, чаро барқи моро буридед? Гуфтанд, фармон аз боло аст ва агар норозӣ ҳастӣ, худат рафта муроҷиат кун. Ба идораи амният рафтам, гуфтанд, ки хабар надорем, дақиқ карда, занг мезанем,” — нақл кардааст Оиша Мирзоева ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ).

Ғаффор Седой, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ, ки солҳои тӯлонӣ фармондеҳи Горди президентӣ ва чанд моҳи қабл аз боздошташ раиси Агентии мубориза бо маводи мухаддир буд, соли 2005 дастгир ва бо ҷурмҳои сангине, чун омодагӣ ба ошӯби мусаллаҳона ва хиёнат ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.

Сӯҳроб Зафар, писарандари Оиша Мирзоева ва ҷияни ӯгайи Ғаффор Седой, ки як муддат зери дасти ӯ дар Горди президентӣ хидмат кардааст, ҳоло роҳбарии “Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯъро бар дӯш дорад. Дар эътирозҳои поёни моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Берлин, ки дар рӯзҳои боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти Олмон доир шуд, аъзои “Гуруҳи 24” фаъолона иштирок доштанд ва маҳз фаъолони ҳамин гуруҳ бо тухм ба мошини Эмомалӣ Раҳмон  дар Берлин ҳамла карданд.

Эътирозҳои Берлин, бахусус тухмборони мошини президент вокуниши тунди мақомоти Тоҷикистонро ба бор овард.

Ба ҳисоби созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch, HRW)  мақомоти Тоҷикистон дар пайи эътирозҳои Берлин ба зидди сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастикам 47 тан аз хешовандони иштирокчиёни ин эътирозҳо ва чеҳраҳои шинохтаи мухолифинро боздошт кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button