ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ҶАЙҲУН ВА ЛАХШ ВА ДУЗДӢ АЗ ХОНАИ … ДОДАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2023

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Лахш

13

11-уми октябри соли 2023, тахминан соати 20:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Табаров Ҷамшед Файзович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, дар ҳудуди ҷамоати ҳамин шаҳрак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Икромов Худоидод Олимбекович, соли таваллудаш 2006, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Икромов Х.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
12-уми октябри соли 2023, тахминан соати 14:00, дар 274-ум километри шоҳроҳи “Ваҳдат-Лахш-Сари Тош”, воқеъ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Лахш, ронандаи автомашинаи тамғаи “Урал”, Қурбонов Ибодулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири автомашина Сафаров Тоҷиддин Сайдамирович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва мусофири дигари автомашина Неъматов Фирдавс Сайдалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии маҳсулоти рӯзгор

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳҳои август ва сентябри соли 2023 аз ҳуҷраи истиқоматии бародараш марди 47-солаи сокини ҳамон ҷо, маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button