ВидеоҲодисаҶомеа

ҒОРАТИ ҚАРИБ 200 БАНКОМАТУ ТЕРМИНАЛ ВА НАҚШАИ ДУЗДИДАНИ РАИСИ ШИРКАТИ “COCA COLA” (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти се нафаре хабар дод, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ҳудуди 200 банкомати пулгузаронӣ, аз ҷумлу 92 банкомати “Эсхата”, 99 банкомату терминали бонки “Ҳумо” ва як терминали “Спитаменбонк”-ро зада, шикаста, пулҳои дар даруни банкоматҳо гузошташударо ба яғмо бурдаанд. Танҳо аз 92 банкомати “Эсхата” ғоратгарон дар умум 600 ҳазор сомонӣ пули нақдро тасарруф карданд. Гуфта мешавад, ки зарари расонидашуда ба “Ҳумо” ва “Спитаменбонк” низ маблағи бузургро ташкил медиҳад. Ин ҳалқаи ҷиноиро кормандони шуъбаи дуюми милитсияи ноҳияи Синои пойтахт муайян ва дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, роҳбари ин гуруҳи ҷиноӣ Фарҳод Ҳасанови 32- сола, сокини ноҳияи Темурмалик буд, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст. Ба ӯ дар ғорати банкоматҳо Шуҳрат Қурбонов, сокини низ 32-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Мунис Зуҳурзода, сокини 23-солаи шаҳри Кӯлоб ҳамдаст будаанд.

Гуфта мешавад, ғоратгарон бо тайёрии махсус, бо асбобҳои бурандаву шикананда ва дар рӯй ниқобу дар даст дастпӯш шабона асосан банкоматҳои маблағгузаронии бонкҳои “Эсхата”, “Ҳумо” ва “Спитаменбонк”-ро ҳадаф қарор додаанд.

Ҳасанов Фарҳод Кори асосӣ – шикастани банкомат ва гирифтани пулро раҳбари гуруҳ Фарҳод Ҳасанов ба уҳда дошта, дигарон дар ин асно бояд атрофро назорат мекардаанд.  Гуфта мешавад, ки ин ҳалқаи ҷиноӣ барои онки аъмолашон ошкор нашавад, маҳалли дуздиҳои худро зуд иваз мекарданд ва барои мисол, як муддат дар шаҳри Душанбе, баъди он дар ҳудуди вилояти Хатлон ва сипас дар Суғд банкоматҳоро мешикастанд. Барои чунин “сайругашт” онҳо аз як мошини тамғаи “Опел” истифода мебурданд.

“23-уми августи соли равон дар кӯчаи Шамсии пойтахт банкомати “Спитаменбонк”-ро шикаста, аз дохилаш 16 ҳазору 360 сомониро тасарруф кардаанд,” – гуфта мешавад дар гузориш.

Ҳарчанд аъзои ин ҳалқаи ҷиноӣ барои пинҳон мондани худ чораҳои зиёд андешида буданд, вале тавре аз наворҳои истифодашуда дар гузориш дида мешавад, чандин бора симояш ба дурбини видеокамераҳои назоратии дар атрофи банкоматҳову терминалҳо насбшуда афтодааст.

Бар илова, Шуҳрат Қурбонов, яке аз дастгиршудагон ба он айбдор мешавад, ки ҳамроҳи Шероз Соҳибзода ва Сорбон Қосимов, сокинони  32-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳарду қаблан барои роҳзанӣ зиндонӣ шудаанд, нақшаи рабудани раиси ширкати “Coca cola” дар вилояти Хатлон ва аз сейфи ин корхона рабудани пули зиёдро кашидааст, вале ин нақшааш ошкор шудааст.

Ба зидди дастгиршудагон бар асоси моддаи 244 ва 249 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ ва роҳзанӣ парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо барои дуздӣ ба маблағи махсусан бузург аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ҳамчун ҷазо то 12 соли зиндон ва барои роҳзанӣ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ин аблаҳон бояд бо тамоми қувваи қонуни ҷиноӣ ҷазо дода, зиндонӣ шаванд. Ғайр аз он, онҳоро ва оилаи онҳоро маҷбур кунед, ки тамоми пулҳои дуздидашударо баргардонанд. Ланат бар падару модари инхел дуздони нобакор!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button