ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ ИҚТИДОРАШ 4,6 БАЛЛ БАДАХШОНРО ТАКОН ДОД

Рӯзи 12 октябри соли 2023, соати 11:54 ба вақти Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар як заминларзаи шиддаташ 4,6 балл рух додааст.

Бино ба маълумоти пойгоҳи  Еarthquaketrack.com,  ки заминларзаҳо дар саросари сайёраро ба сурати шабонарӯзӣ пайгирӣ ва сабт мекунад, маркази заминларзаи ахир дар 47-километрии ҷануби шаҳраки Мурғоб, маркази ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як минтақаи кӯҳистонии воқеъ дар наздикии марзи Тоҷиктстон бо Афғонистону Хитой рӯй дода, замин дар умқи 10 километр ларзидааст.

Дар бораи кадом хисорот ё осебе бар асари ин офати табиӣ хабарҳо ба даст нарасидаанд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларза,  дар як моҳи охир 17 заминларза ва дар як соли охир 256 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор буд, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то поёни моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button