ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ХОРМЕЙСТЕР ХОЛАҲМАД МАҶИДОВ

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, хормейстри маъруф Холаҳмад Маҷидов шоми 11 октябри соли 2023 дар синни 74, ҳамагӣ як моҳ пеш аз расиданаш ба синни 75 аз олам чашм пӯшид.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки Холаҳмад Маҷидов солҳои ахир дар инҷо ба шогирдон дарс мегуфт, дар номаи таслияташ Холаҳмад Маҷидовро ҳамчун “хормейстри барҷастаи тоҷик” ва “устоди собиқадори донишкада”тавсиф карда, навиштааст, ки аз марги ӯ ”сахт андӯҳгин буда, даргузашти омӯзгори беназир ва соҳибмактабро барои муассиса талафоти сангин мешуморанд. Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба аҳли оила ва хешу наздикони марҳум ҳамдарду ғамшарик ҳастем ва ба эшон сабри ҷамил хоҳонем. Рӯҳи устод шод ва ҷояшон ҷаннати ҷовидон бошад”.

Дар бораи иллати марги Холаҳмад Маҷидов чизе гуфта нашудааст.

Шоир ва журналисти тоҷик Абдулкодири Рахим низ Холаҳмад Маҷидовро “ҳунарпешаи нотакрор ва беҳамто” ва даргузашти ӯро “талафоти бузурге барои санъати тоҷик” унвон карда, навиштааст: “Аз даргузашти дӯст ва бародари гиромӣ Холаҳмади Маҷид андуҳгинием ва ба пайвандонаш изҳори тасаллият намуда, сабри ҷамил хоҳонем. Холаҳмади Маҷид ҳунарпешаи нотакрор ва беҳамто буд. Даргузашти ӯ талафоти бузургест барои санъати тоҷик. Ёдаш ва хотираи некаш ҳамеша бо мост”.

Садҳо нафар дар зери хабари марги Холаҳмад Маҷидов изҳори андӯҳ кардаанд.

Аз ҷумла Алихон Зарифӣ навиштааст: Даргузашти инсоне чун Холмаҳмад Маҷидов, талафоти бузургест барои санъати тоҷик. Ӯ воқеан, як мутахассиси варзида ва як ҳунарманди сатҳи баланди санъати тоҷик буд, ки нозукиҳои ин соҳаро хеле хуб медонист. Дигар ин ки инсони росткору покоин буд. Барои пешрафти санъати тоҷик аз сидқи дил заҳмат кашид. Роҳат сафед ва хонаи охиратат обод бод, фарзанди сазовори миллати тоҷик!

Садриддин Ҳасанзод ҳам андӯҳи худ аз марги Холаҳмад Маҷидовро бо ин суханон дар саҳфаи Фейсбук фурӯ рехтааст: Ростӣ, дар марги ҳама андӯҳгин мешавам. Аммо дар марги чунин инсонҳо хун мехӯрам. Охир инҳо чароғҳои рӯшани роҳи фарҳангу маърифати халқанд. Рӯҳашон шоду ҷояшон Ҷаннат бод! Омин!”

Холаҳмад Маҷидов 15 ноябри соли 1948 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада,  омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва соли 1971 Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст.

Ӯ солҳои 1972-75 мудири мактаби мусиқии ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ), аз соли 1975 хормейстер ва аз соли 1981 сархормейстри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Холаҳмад Маҷидов донандаи хуби мусиқӣ, навозандаи якчанд созҳои гуногуни мусиқӣ ба шумор мерафт. М. Карамхудоев роҳи ҳунарии ӯро чунин ба риштаи тасвир кашидааст: “Фаъолияти кориаш чун хормейстер аз соли 1973 оғоз ёфтааст. Солҳои 1973-75 хормейстери сурудҳои дастаҷамъии ноҳияҳои Москва, Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Кӯлоб ва Панҷакент дар озмуни ҷумҳуриявии “Бӯстон” буд. Дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ зиёда аз 100 опера ва намоишномаҳоро барои атфолу наврасон ба саҳна гузоштааст. Соли 1998 хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии Маҷидов дар Озмуни байналмилалии хорсароён бо иштироки 39 кишвар ҷои дувумро соҳиб гашт. Барномаи сурудҳои халқии дастаҷамъии Театр низ дар ҳамин озмун ғолиб дониста шуд. Маҷидов дар хониши сурудҳои дастаҷамъӣ дар ҷашнҳову намоишҳои ҷумҳурӣ роҳбарӣ кардааст”.

Холаҳмад Маҷидов барои хидматҳояш дар арсаи фарҳанг соли 1997 сазовори унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button