ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

“БАЧААТ ДАР БЕРЛИН ЗИДДИ ПРЕЗИДЕНТ ГАП ЗАДААСТ…” ДАР ФАРХОР СИМИ БАРҚИ ХОНАИ МОДАРИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВРО БУРИДААНД

Оишамо Абдуллоева, модари 72-солаи Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши оппозитсионии ислоҳот ва рушди  Тоҷикистон мегӯяд, кормандони шабакаи барқи ноҳияи Фархор нимаи дуюми рӯзи сешанбе, 11 октябри соли 2023, тақрибан соати 16 омада, симҳои барқи хонаашро дар маркази ин ноҳия буридаанд ва интиқоли барқро ба хонаи ӯ қатъ кардаанд. Масъулони шабакаи барқ ва дигар мақомоти ноҳияи Фархор то кунун ин қазияро шарҳ надодаанд.

Таъқибу фишор ба наздикони фаъолони мухолфин, мунтақидон ва фаъолони ҷомиа дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил ёфта, касеро ба ҳайрат намеандозад. То кунун дар бораи боздошту бозпурсӣ, тавассути видеоҳо маҳкум кардани фаъолиятҳои сиёсиву оппозитсионии наздиконашон ва ҳатто маҳкум ба зиндон кардани хешовандони фаъолони оппозитсияи тоҷик хабарҳо ба даст мерасид, вале чунин ба назар мерасад, ки қатъи интиқоли барқ ба хонаи модари Шарофиддин Гадоев нахустин мавриди буридани сими барқи хонаи наздикони фаъолони оппозитсия  дар Тоҷикистон аст.

Оишамо Абдуллоева дар манзилаш дар маркази ноҳияи Фархор ҳамроҳи як набераи ноболиғи 12-солааш зиндагӣ мекунад. Ӯ рӯзи 12 октябр дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки аз пули барқ қарздор набуд ва инро ба кормандоне, ки сими барқашро мебуриданд, фаҳмондааст.

“Вале онҳо гуфтанд, ки фармон аз боло аст. Онҳо гуфтанд, ки писарат дар Берлин ба зидди президент гап задааст ва ба мо аз Кӯлоб амр доданд, ки сими барқашро бибуред”, – нақл кард Оишамо Абдуллоева.

Ӯ мегӯяд, ҳам пир шудааст ва ҳам аз бемории қанд азият мекашад ва бебарқӣ зиндагии бе ин ҳам мушкилашро боз ҳам мушкилтар мегардонад.

“Ба онҳо гуфтам, ки охир, наход бо кампирҳо ҷанг кунед? Ман магар ягон террористам, ки сими барқамро мебуред? Агар инсофу адолат дар бозор фурӯхта мешуд, дар сари пириам тоҷир мешудам ва рафта, ҳама он инсофу адолатро харида, оварда, бепул ба мақомоти худамон тақсим карда медодам. Вале афсӯс, ки инсофу адолатро дар ягонҷо намефурӯшанд…”, – гуфт бо алам модари Шарофиддин Гадоев.

Рӯзҳои 28 ва 29 сентябри соли ҷорӣ, дар рӯзҳои сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин гуруҳе аз фаъолони оппозитсияи тоҷик дар пойтахти Олмон чанд тазоҳуроти эътирозӣ доир карда, чанд тан аз мухолифон ҳатто мошини президент Раҳмонро, ки ба мулоқот бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс мерафт, бо тухм заданд. Дар эътирозҳои Берлин Шарофиддин Гадоев низ иштирок ва чандин бор бо интиқод аз ҳокимони кунунии Тоҷикистон суханронӣ кард.

Гадоев дар эътирози Берлин

Посухи мақомоти Тоҷикистон ба ин эътирозҳо хеле шадид ва камсобиқа буд  ва алакай рӯзи 29 сентябр дар ҷумҳурӣ мавҷи нави боздоштҳо оғоз ёфт. Ба ҳисоби созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch, HRW)  мақомоти Тоҷикистон дар пайи эътирозҳои Берлин ба зидди сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастикам 47 тан аз хешовандони иштирокчиёни ин эътирозҳо ва чеҳраҳои шинохтаи мухолифинро боздошт кардаанд. Яке аз онҳо Оишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев буд.

Оишамо Абдуллоева мегӯяд, ки ӯро рӯзи 30 сентябр ба идораи амнияти Фархор бурданд ва танҳо баъди 8 соати пурсуҷӯ озод карданд. Вале, меафзояд Оишамо Абдуллоева, “аз вақти аз Тоҷикистон рафтани Шарофиддин, инак 11 сол боз мо ҳамеша таҳти таъқибу фишор зиндагӣ дорем. Ҳарчанд мегӯям, ки писари ман кайҳо як марди баркамол шудааст, 38-сола аст ва  худаш масъули рафтори гуфтораш мебошад, вале ба кӣ мегӯӣ? Ростӣ, тоқатам тоқ шудааст. Аз бехатариам хеле тарс дорам…”

Шарофиддин Гадоев 19 майи соли 1985 дар маркази ноҳияи Фархор ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ шарики тиҷоратии соҳибкори шинохта Умаралӣ Қувватов буд ва соли 2012 баъди аз дасти онҳо гирифтани ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” ва ҳама тиҷоратҳои пурравнақашон ҳамроҳи Қувватов тарки Тоҷикистон кард.

Шарофиддин Гадоев яке аз аввалин нафароне буд, ки ба “Гуруҳи 24”, ҳаракати оппозитсионии дар хориҷ таъсисдодаи Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ шуд ва то кушта шудани Қувватов дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона дар Истанбул дар санаи 5 марти соли 2015 муовини раҳбари “Гуруҳи 24” ва баъди марги Қувватов як муддат роҳбари аввали ин созмони оппозитсионӣ буд.

Шарофиддин Гадоев соли 2015 ба Аврупо паноҳ овард ва ҳоло дар Ҳолланд ба сар мебарад.Ӯ аз соли 2018 раҳбарии ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, як гуруҳи оппозитсионии узви эътилофи дар худи ҷумҳурӣ мамнӯи Паймони миллии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

Моҳи феврали соли 2019 Гадоевро зимни сафараш ба Маскав ба таври мармуз рабуда,  бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Тоҷикистон бурданд. Ин қазия сарусадои зиёде ба по кард ва дар пайи дахолати давлатҳои Аврупо мақомоти Тоҷикистон Шарофиддин Гадоевро алакай баъди 17 рӯз раҳо карданд ва ӯ субҳи 2 марти соли 2023 бо парвози Душанбе – Франкфурт ба Аврупо баргашт. Иттифоқан боз ҳам бо ҳавопаймои ҳамон ширкати “Сомон Эйр”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button