ВидеоҲодисаҶомеа

ВИДЕО+18: БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ КОРМАНДИ БДА-РО БО МОШИНАШ ПАХШ КАРДУ ГУРЕХТ

Ронандаи мошине, ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корманди БДАро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд, боздошт шудааст ва  ҳоло дар шуъбаи милитсияи ин ноҳия қарор дорад. Ба зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Дар ин бора Саймуъмин Ҳасанзода, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати БДА, Бозрасии давлатии автомобилии  вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 10 октябри соли 2023 ба хабаргузории “Азия Плюс” хабар дод.

Бино ба иттилои сухангӯи БДА, ин ронанда пеш аз пахши корманди БДА дар ноҳияи Хуросон, аз ҷониби кормандони дигари БДА барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳнигоҳ дошта мешавад, аммо ӯ ба кормандони БДА итоат накарда, фирор кардааст. Кормандони БДА дар ин бора бо телефон ба ҳамкасби худ дар посгоҳи Хуросон хабар додаанд. Корманди посгоҳ ба байни роҳ мебарояд, то ронандаи қонуншиканро манх кунад, вале ӯ ин дафъа ҳам итоат намекунад ва корманди БДА-ро пахш карда, боз аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

“Ҳоло ронандаи ин мошин боздошт гардида, дар боздоштгоҳи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон қарор дорад. Нисбат ба ронанда парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”, – хабар додааст Саймуъмин Ҳасанзода.

Аммо ин сухангӯи БДА аз нашри номи ронандаи боздоштгардида ва дигар тафсилоти ҳодиса худдорӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ба корманди БДА, ки мошин пахш кард, ҳамкасбон ва роҳгузарон кумак расондаанд ва ҳоло ба саломатии ӯ хатаре таҳдид намекунад.

7 октябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое паҳн шуд, ки дар он лаҳзаи аз ҷониби мошине бо суръати баланд пахш кардани корманди БДА дида мешуд. Лаҳзаи зери чархи мошин мондани корманди милитсия ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст.

Дар ин сабти кӯтоҳ, ки рӯзи 7 октябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, як корманди БДА дар посгоҳи воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе Бохтар бо мақсади манъ кардани кадом як мошин ё бо кадом мақсади дигар чӯбдаст дар дасташ мехоҳад аз роҳи мошин убур кунад. Ӯ бо чӯбдасташ ба мошинҳое, ки бо шаст меомаданд, ишора карда, аз мошине, ки бо хатти якум ҳаракат мекард, бидуни мамониат мегузарад, вале ронандаи мошине, ки бо хатти дуюм ва бо суръати баланд меомад, корманди БДА-ро бо шаст зер мекунад.

Дар натиҷаи бархӯрд, тавре дар навор дида мешуд, корманди БДА ба ҳаво парида, сипас дар рӯи роҳ меафтад. Баъди ин дигар кормандони посгоҳ бо шитоб ба кумаки ҳамкори худ медаванд ва чанд мошини раҳгузар низ манъ мекунад ва аз дохилашон ронандаву мусофирон берун шуда, ба назди корманди ҷароҳатбардоштаи БДА мешитобанд.

Мавридҳои итоат накардан ба фармони кормандони БДА дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад, аммо ҳолатҳои корманди БДАро бо мошин пахш кардани ронандагон хеле кам аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button