ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҲуқуқи инсон

НОМАИ КАБИРӢ БА САДРИ АЪЗАМИ ОЛМОН ДАР БОРАИ МАВҶИ БОЗДОШТҲО ДАР ТОҶИКИСТОН

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи дар Тоҷикистон феълан мамнӯи 4 ҳизбу ҳаракати оппозитсияи тоҷик, рӯзи 9 октябри соли 2023 бо ирсоли як нома ба канслер, ё садри аъзами Олмон Олаф Шолтс хостори мусоидати ҷаноби Шолтс ва ҳукумати Олмон барои раҳоии хешовандони дар Тоҷикистон боздоштшудаи иштирокчиёни эътирозҳои ахири тарафдорони оппозитсияи тоҷик дар Берлин шуд.

Кабирӣ дар номааш ба Олаф Шолтс навиштааст, ки дар пайи эътирозҳои мухолифин ва пайвандони зиндониҳои сиёсӣ дар Берлин дар рӯзҳои сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътирозҳо ташкил карданд ва “пас аз бозгашт мақомоти Тоҷикистон пайвандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлинро мавриди шиканҷа қарор доданд ва қисме аз онҳо ҳанӯз ҳам дар боздоштанд.”

Раҳбари Паймони миллӣ дар идомаи номааш аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шудану дар онҷо ба 7 соли зиндон маҳкум шудани Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди яке аз мухолифини аршади ҳукумати кунунии Тоҷикистон Шамсиддин Саидовро низ зикр карда, аз садри аъзами Олмон хостааст, ки “нуфузи худ ва имконоти дипломатии кишвари Олмонро барои раҳоии пайвандони эътирозгарони Берлин ва бозгардонидани Абдуллоҳи Шамсиддин ба назди фарзандонаш истифода намоед.”

Кабирӣ ҳамчунин навиштааст, ки оппозитсияи тоҷик ба сиёсати ҳукумати Олмон, ки робитаҳои худ ҳатто бо низомҳои худкома ба роҳи муколама бартарӣ медиҳад, эҳтиром қоил аст,  вале аз он нигарон аст, ки “ин ҳамкориҳо боиси истифодаи таблиғотӣ аз тарафи режимҳои худкома ва саркӯби бештари ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва мухолифин мешавад”.

Ба ҳисоби созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch, HRW)  мақомоти Тоҷикистон дар пайи силсилаи эътирозҳои рӯзҳои 28-29 сентябри мухолифин дар шаҳри Берлин ба зидди сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастикам 47 тан аз хешовандони иштирокчиёни ин эътирозҳо ва чеҳраҳои шинохтаи мухолифинро боздошт кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ чунин амали мақомоти Тоҷикистонро “интиқомгирӣ аз хешовандон барои фаъолиятҳои оппозитсионии дигар аъзои хонаводаҳояшон” ва “ҷазои дастаҷамъона” номида, гуфтанд, ки “Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар бахшҳои ҷомиаи байналмилалӣ бояд ин амалҳои шармовар ва нобахшидании ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карда, ба ҳукумат фишор биоранд, то ки мақомоти Тоҷикистон чунин қонуншиканиҳоро бас карда, уҳдадориҳои байналмилалии худ дар масоили озодии гирдиҳамоиҳо ва озодии баёнро риоя кунанд”. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин таъкид карданд, ки мансабдорони дахил дар ин боздоштҳо ва дигар мавридҳои поймол кардани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бояд ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button