ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

МУҶОЗОТИ СОКИНИ ХУҶАНД БАРОИ МАЪРАКАИ ДОМОДТАЛБОН ДАР ҚАҲВАХОНАИ “СЕБАРГА” (ВИДЕО)

Маркази матбуоти РВКД вилояти Суғд рӯзи 8 октябри соли 2023 дар шумораи навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” аз ошкор шудани боз як ҳолати поймол кардани қонуни танзими ҷашну маросим аз ҷониби нозирони минтақавии милиса дар шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи вилояти Суғд, сокини Хуҷанд Малоҳат Маҳмудова санаи 2 октябри соли 2023, дар вақти корӣ дар қаҳвахонаи “Себарга” дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд маъракаи домодталбонро бо даъвати беш аз 30 меҳмон баргузор кардааст.

Милитсия гуфт, маъмурияти қаҳвахона ҳам бидуни бастани қарордод ба баргузории ин маърака иҷозат додааст.

Тибқи моддаи 10 қонуни танзими маъракаҳо, маъракаи домодталбон ё арӯсбинон бояд дар ҳалқаи оила ва бо иштироки то 15 нафар ба таври ихтиёрӣ гузаронда шавад.

Дар робита ба ин ҳолати вайрон кардани қонуни танзим протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба Малоҳат Маҳмудова бар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷарима ба маблағи то 7480 сомонӣ таҳдид мекунад, вале ҳаҷми ҷаримаи маъмурияти қаҳвахонаи “Себарга” метавонад то 51 ҳазор сомониро ташкил кунад.

Вақтҳои охир аз Хуҷанд дар бораи вайрон кардани қонуни танзим хабарҳо зиёд ба даст мерасанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 4 октябри соли 2023 хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳи августи соли равон дар тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои зиёди вайрон кардани талаботи қонуни мазкур ошкор гардид.

Чунончи, директори тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд Бузруков Беҳрӯзхӯҷа Тоҳирович санаи 11.08.2023 сол, соати 20:08 дар ин тарабхона маросими тӯйи домодию арӯсии фарзанди Усмонов Н.Р.-ро бе бастани шартномаи хизматрасонӣ бо соҳиби маърака баргузор намудааст.

Ҳамчунин, номбурда рӯзи 15.08.2023 сол дар вақти корӣ соати 13:00 дар тарабхонаи “Яккасарой” тӯйи арӯсию домодии Назиров У. ва Юнусова М.-ро баргузор намуда, талаботи қонунро дағалона вайрон кардааст.

Рӯзи 15 август, соати 13:00 дар вақти корӣ дар маъракаи тӯйи домодию арӯсии шаҳрвандон Назиров У. ва Юнусова М. ва инчунин рӯзи 17 август, соати 13:00 дар маъракаи тӯйи хонадоршавии бародари Назиров У.Ҷ., ки низ дар вақти корӣ баргузор гардида буд,  шаҳрванд Мирдадоев Ғуломҷон Воҳидович ҳамчун сароянда ва шаҳрванд Юсупов Парвизҷон Пӯлотҷонович ба ҳайси баранда иштирок намуда, бидуни бастани шартномаи хизматрасонӣ хидмат расонидаанд.

Ба ғайр аз ин, бархилофи талаботи қисми 3 моддаи 10-и қонуни танзим рӯзи 15.08.2023, соати 11:00 шаҳрванд Бобохонов Фирӯз Темурович низ дар ҳамин тарабхонаи “Яккасарой” маъракаи домодталбони духтараш Бобохонова М.-ро бо иштироки 72 нафар бо додани 3 намуд таъом баргузор намуда, дар он шаҳрванд Манонова Маликахон Ҷӯраевна  ҳамчун сароянда бе бастани шартномаи тарафайн  хидмат расонидааст.

Маъмури тарабхонаи “Яккасарой” Раҷабов Фараҳманд Ғаффорович маъракаи домодталбони Бобохонов Ф.Т.-ро дар вақти корӣ ва бе бастани шартнома байни соҳиби маърака баргузор намудааст.

Нисбати номбурдагон аз тарафи додситонии шаҳри Хуҷанд бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нисбати мудири ҶДММ “Яккасарой” Бузруков Б.Т. барои такроран вайрон кардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қисми 3-и моддаи зикршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ирсол гардиданд.

Бо қарори додгоҳӣ шаҳрӣ,  мудири ҶДММ “Яккасарой” Бузруков Б.Т. ба маблағи 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 81 600 сомонӣ, маъмури тарабхона Раҷабов Ф.Ғ. ба андозаи 650 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 44 200 сомонӣ, баранда Юсупов П.П. ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 51 000 сомонӣ, сароянда Мирдадоев Ғ.В. ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 51 000 сомонӣ, сароянда Манонова М.Ҷ. ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 3400 сомонӣ, соҳибони маърака Назаров У.Ҷ. ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6800 сомонӣ ва Бобохонов Ф.Т, ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7480 сомонӣ ҷарима баста шудаанд. Худи ҷаримашудаҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 қабул шуда, соли 2017 талаботаш боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Аммо мақомот аз танзими тӯю маъракаҳои мардум ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд ва мегӯянд, ин қонун ба мардум имкон медиҳад, ки ба ҷои исрофи беҳуда дар тӯю маъракаҳо пулашонро сарфа карда, барои ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон харҷ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button