ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ “КОЛЯ ТОҶИК” БО ИТТИҲОМИ ТАМАЪҶӮӢ ВА ОДАМРАБОӢ. БЛОГЕРҲОИ ТОҶИК МЕГӮЯНД, КИ Ӯ ҚУРБОНИ “ПОДСТАВА” ШУД (ВИДЕО)

Блогери шинохтаи тоҷик  Ҳоҷӣ Комрон, ки бо тахаллуси “Коля Таджик” (“Коля Тоҷик”) машҳур буд ва бо ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла аз корфармоёни беинсоф кашида гирифтани ҳаққи заҳмати тоҷикҳо ном бароварда буд, дар Русия бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва одамрабоӣ дастгир шудааст.  Аммо блогерҳои дигари тоҷики муқими Русия бо нашри як муроҷиатнома гуфтанд, ки “Коля Тоҷик” қурбони “подстава” аз ҷониби як духтари тоҷик шуд, ки аз вай барои рӯёндани пулаш кумак хоста буд.

Яке аз муаллифони ин муроҷиатнома блогери шинохта Бобоҷон Сафаров, маъруф бо тахаллуси “Бобоҷон 88”, ки низ бо кумакҳояш ба муҳоҷирон, аз ҷумла бо ҷамъоварии маблағҳои хайрия барои табобати муҳоҷирони бемор ва фиристодани ҷасадҳои тоҷикҳои дар Русия фавтида ном баровардааст, рӯзи 7 октябри соли 2023 дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, “Коля Тоҷик” рӯзи 4 октябр дар шаҳри Литкарино, як шаҳри бандарии воқеъ дар соҳили дарёи Москва, дар ҳамагӣ 6-километрии ҷанубишарқи МКАД ва 10-километрии шаҳри Любертсии вилояти Маскав дастгир шуда, додгоҳи Любертси ӯро рӯзи 5 октябр барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, “Коля Тоҷик” бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 127 (одамрабоӣ) ва 163 (тамаъҷӯӣ) айбдор мешавад ва ба ӯ бар асоси моддаи 127 то 5 соли зиндон ва бар асоси моддаи 163 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Блогерҳои тоҷики муқими Русия “Бобои Лангарӣ” ва “Бобоҷон 88” дар муроҷиатномаашон бархе паҳлуҳои парвандаи ба зидди “Коля Тоҷик”оғозшударо нақл карданд. Ба гуфтаи онҳо, як духтари тоҷик ба “Коля Тоҷик” муроҷиат карда, гиряву нола кардааст, ки гӯё як марди зодаи Ӯзбекистон 400 ҳазор рубл пули ӯро намедиҳад. Баъдан маълум шуд, ки иддаои ин духтар асос надоштааст, вале ӯ тавонистааст “Коля Тоҷик”-ро, ки зудбовар буд ва барои дифоъ аз тоҷикҳо, бахусус аз хоҳарони тоҷик ҳамеша омада буд, бовар кунонад ва барои рӯёндани пулаш ба пеши он марди ӯзбекистонӣ фиристад.

Аммо лаҳзаи “разбор” ё бигӯ-бигӯи “Коля Тоҷик” бо он мард ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодааст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва одамрабоӣ дастгир кардаанд.

“Бобоҷон 88”, ки дар мурофиаи нахустини парвандаи “Коля Тоҷик” дар додгоҳи Любертси иштирок дошт, дар муроҷиатномааш гуфт, ки вақте 7 фарзанди “Коля Тоҷик”-ро ба толори додгоҳ дароварданд, “Коля Тоҷик” бо он азамат ва паҳлавониаш тоқат накард ва аз ҳуш рафт.

Тасдиқи хабари ифтитоҳи парванда ба зидди “Коля Тоҷик” тавассути манобеи дигар ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст. Ҳарду рақами телефони худи ин блогер фаъоланд, вале ба зангҳои батакрори мо касе ҷавоб надод.

“Коля Тоҷик” дар байни блогерҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз маъруфтаринҳо ба шумор мерафт ва каналаш дар Ютуб бо номи “Коля Таджик” 234 ҳазор обуначӣ дошт.

Бархе  нафарон густохона болои сари корфармоёнро гирифтану аз онҳо додани музди муҳоҷирони тоҷикро талаб кардани “Коля Тоҷик”ро ғайриқонунӣ хонда, қабул надоштанд. Вале бисёриҳо ӯро “Робин Ҳуди тоҷик” номида, барои ҳимояташ аз тоҷикҳо дар Русия ситоиш мекарданд.

Блогерҳои тоҷики муқими Русия ҳоло барои ҷалби адвокатҳо барои ҳимоят аз “Коля Тоҷик” маъракаи ҷамъоварии маблағҳоро ба роҳ андохтаанд. Онҳо мегӯянд, “Коля Тоҷик” ҳамеша барои ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик ба по мехест ва имрӯз камоли ҷавонмардӣ мебуд, агар муҳоҷирони тоҷик низ барои ҳимоят аз ӯ аз як гиребон сар мебароварданд. “Бобоҷон 88” ва “Бобои Лангарӣ” мегӯянд, бо пулҳои ҷамъшуда бояд 3 адвокат бигиранд: ҳам барои “Коля Тоҷик”,  ҳам барои он зодаи Ӯзбекистон, ки дар ин парванда ҳамчун ҷабрдида мегузарад, ва ҳам барои он духтари тоҷик, ки баъди “Коля Тоҷик” ӯро ҳам барои додани маълумоти бардурӯғ дастгир кардаанд.

Онҳое ки мехоҳанд барои ҳимоят аз “Коля Тоҷик” кумак расонанд, метавонанд кумаки худро ба ин ҳисобҳо, ки “Бобои Лангарӣ” кушодааст, гузаронанд:

Сбер Худойдод А

+7 (900) 922 26 26

2202 2062 24 15 1725

Душанбе Сити Худойдод А

+992 (988) 19 75 93  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button