ВидеоИлму фанноварӣФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ АДАБИЁТШИНОСИ ШИНОХТА МУРТАЗО ЗАЙНИДДИНЗОДА

Қалби устоди донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшиноси варзида, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Муртазо Зайниддинзода нимаи дуюми рӯзи 5 октябри соли 2023 дар синни 64 аз тапидан бозмонд.  Маросими намози ҷанозаи Муртазо Зайниддинзода рӯзи 6 октябр, соати 13 пеш аз намози ҷумъа дар зодгоҳаш – деҳаи Ворухи Исфара баргузор мешавад.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати риштаи филология ва иттифоқҳои касабаи ин донишгоҳ  дар номаи таслияти худ Муртазо Зайниддинзодаро “яке аз устодону олимони барҷастаи Донишгоҳи миллӣ” ном бурда, ба пайвандону азизони марҳум сабри ҷамил хостаанд.

Дар бораи иллати марги адабиётшиноси шинохта дар номаи таслияти Донишгоҳи миллӣ чизе гуфта нашудааст, вале ба гуфтаи ҳамкоронаш, чанд рӯзи охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз ректори донигоҳ Қобилҷон Хушвақтзода ҳам хоҳиш карда буд, то лифти бинои риштаи филологияро тармим кунанд, чунки устодони кӯҳансол баромадан то қабти панҷуми бино мушкилӣ мекашанд. Ин охирин хоҳиши Муртазо Зайниддинзода буд…

 Муртазо Зайниддинзода (Зайнидинов Муртазо (Мухтадо) 3-юми декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1981 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1987 аспирантураи ин донишгоҳро хатм карда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» дифоъ намудааст.

Соли 2009 сазовори мукофоти давлатии «Ордени дӯстӣ» гардидааст. Муртазо Зайниддинзода ҳамчунин соли 1998 «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009 соҳиби нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва  соли 2010 «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шудааст.

Аз марҳум чанд китоб, аҳ ҷумла «Машъалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино» (2008), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), бо ҳаммуалифӣ «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2015), «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» (2016) ба ёдгор монд.

Муртазо Зайниддинзода ҳамчунин муаллифи барномаи таълимии адабиёти иттиҳод (2005), барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005), китоби дарсии «Адабиёти ҷаҳон барои синфҳои 10-11» (2001) ва дар умум муалифи зиёда аз 300 мақолаву асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо буд.

Муртазо Зайниддинзода солҳои 1993-1996 дар мақоми муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ оид ба корҳои таълим ва тарбия; солҳои 1999 — 2001 ба ҳайси мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон; солҳои 2001 — 2002 муовини сардори қисми таълими ДДМТ кор карда, аз соли 2002  то 2005 сармутахассиси Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ буд. Соли 2005 боз ба донишгоҳ баргашта, то соли 2008 ба ҳайсии сардори Идораи таълимию методӣ ва солҳои 2008 — 2011 дар мақоми декани факултети журналистикаи ДМТ кор кардааст. Аз соли 2013 то 2022 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ буд.

Муртазо Зайниддинзода узви Иттиҳоди тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия; узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009) ва ҳам узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015) буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button