ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

БОЗ ЯК ҲОМИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН АЗ ЭРОН САЗОВОРИ ҶОИЗАИ СУЛҲИ НОБЕЛ ШУД

Кумитаи Ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 6-уми октябри соли 2023 дар Осло, пойтахти Норвегия бо шиори “Зан, Зиндагӣ, Озодӣ” ҷоизаи сулҳи Нобелро дар соли 2023 ба Наргис Муҳаммадӣ, як ҳомии ҳуқуқи инсон, ки айни ҳол дар Эрон дар зиндон қарор дорад, дод.

Наргис Муҳаммадӣ дуюмин зани эронӣ аст, ки Ҷоизаи сулҳи Нобелро сазовор гардид. Соли 2003 Ширин Ибодӣ барандаи ин ҷоиза гашта буд.

Наргис Муҳаммадӣ дар ҳоли ҳозир дар маҳбаси “Эвин”, дар Эрон зиндонӣ аст. Аммо бо дар баробари он, ки ин зани эронӣ дар маҳбас қарор дорад, даст аз талош барои ҳуқуқи инсонҳо, ба хусус занони эронӣ ва  барқарории демократия ва адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон набардоштааст. Ӯ борҳо бо интишори номаҳо аз зиндон ба вазъияти занони зиндонӣ, ба хусус маҳбусони сиёсӣ, шиканҷа, вазъияти номуносиби зиндонҳо, озору азияти онҳо эътироз кардааст. Аз ин лиҳоз кумитаи сулҳи Нобел хонуми Муҳаммадиро бо далели муборизааш бо зулм бар занони эронӣ ва талош барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва озодиҳои он шоистаи дарёфти ин ҷоиза донистааст.

Кумитаи интихоби ҷоизаи сулҳи Нобел мегӯяд, ки бо ин иқдом онҳо пайоме ба ҳукумати Ҷумҳурии исломи Эрон додаанд, ки “ба садои мардумашон гӯш диҳанд”.

Кумитаи Нобели Норвегия гуфт, бо эътои ҷоизаи имсолаи Нобел ба як ҳомии ҳуқуқ аз Эрон аз талошҳои садҳо ҳазор мардуми Эрон қадрдонӣ мекунад, ки мухолифати худро бо “сиёсати режими табъизомези мазҳабии Эрон, ки занонро саркӯб мекунад”, ба намоиш гузоштанд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон  моҳи сентябри соли 2022 дар пайи ҳалокати духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ баъди боздошташ бо иттиҳоми “бадҳиҷобӣ” оғоз ёфт.

Наргис Муҳаммадӣ таи солҳои гузашта борҳо аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии исломӣ бо иттиҳомоти мухталиф ба далели фаолиятҳои ҳуқуқи башариаш боздошт, муҳокима ва зиндонӣ шуда буд.

Ӯ охирин маротиба моҳи ноябри соли 2021 боздошт ва бо иттиҳоми “таблиғи алайҳи режими Ҷумҳурии исломӣ” пас аз чандин дафъа сари суд ба муддати 10 солу 9 моҳ равонаи зиндон карда шуд ва то кунун дар зиндони “Эвин” маҳбус аст.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳукумати Эрон хонуми Муҳаммадиро 13 маротиба боздошт ва дар умум додгоҳҳои Ҷумҳурии исломии Эрон Наргисро 5 дафъа суд кардаанд. Қозиҳои (довар,судя) эронӣ ӯро аз аввали фаъолияташ то ба ҳол ба 31 сол равонаи зиндон ва 154 дарра ҳукм баровардаанд.

Ба фарқ аз дигар ҷоизаҳои Нобел, ки барандагонашро Академияи илмҳои Шветсия эълон мекунад, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобелро дар парлумони Норвегия интихоб мекунанд. Маблағи Ҷоизаи сулҳи Нобел 1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button