ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИДОРАИ ҶОСУСИИ ТУРКИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДАСТ АФТОДАНИ ЯК ОДАМИ ГУЛЕНРО ТАСДИҚ КАРД

 Ташкилоти миллии истихбороти Туркия (Milli İstihbarat TeşkilatıMİT) рӯзи 5 октябри соли 2023 бо нашри як акс алакай дар дасти онҳо қарор доштани узви фирории ташкилоти рӯҳонии дигарандеши турк Фатҳуллоҳ Гуленро тасдиқ кард. Гулен ва ташкилоти ӯ FETO дар Туркия ба даст доштан дар ташкили табаддулоти давлатии ноком дар соли 2016 айбдор мешаванд.

Хабари дар қаламрави Тоҷикистон ба даст афтодан ва алакай ба Туркия оварда шудани Корай Вуралро ба  хабаргузории давлатии Туркия “Анадолу” манобеаш дар ташкилоти ҷосусии ин кишвар тасдиқ карда, ҳамчун далел акси Вуралро ироа кардаанд, ки дар дастонаш завлона дар зери парчамҳои давлатии Туркия сабт шудааст.

Аммо ин манобеъ, ки ба сабаби маҳдуд шудани ҳаққи суҳбаташон бо матбуот ба шарти набурдани номашон суҳбат кардаанд, нагуфтаанд, ки Корай Вурал дар қаламрави Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дастгир ва бо риояи шеваҳои қонунӣ ба Туркия истирдод шуд ваё ӯро худи ташкилоти миллии истихбороти Туркия мустақилона дар ҳудуди Тоҷикистон таъқибу боздошт карда ва ба Туркия овардааст.

Расонаҳо қаблан бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ хабар дода буданд, ки Корай Вурал субҳи 17 сентябри соли 2023 бо ҳавопаймои ширкати “Туркиш ҳаво йӯлларӣ” аз Душанбе ба Истанбул оварда шуд.

 “Узви фирории ташкилоти ФЕТО Корай Вурал дар Тоҷикистон дастгир шуд. Ӯ ба онҷо бо дастури ин созмони террористӣ рафта буд ва ба ташкили фаъолияти он дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон машғул буд”, – гуфтаанд манобеи амниятӣ ба “Анадолу”.

Худи Вурал ва наздиконаш барои шарҳи қазия дар дастрас қарор надоранд, вале бино ба фарзияи мақомоти амниятии Туркия, Вурал дар солҳои будубошаш дар Тоҷикистон чандин бор ба аёлати Пенсилванияи Амрико рафта, бевосита аз худи раҳбари FETO Фатҳуллоҳ Гулен дастур мегирифт. Гулен аз соли 1999 дар ҳиҷрати ихтиёрӣ қарор дошта, дар шаҳри Сейлорсбурги аёлати Пенсилвания ба сар мебарад.

Ташкилоти ҷосусии Туркия ҳамчунин гуфтааст, ки Корай Вурал баъди дар Тоҷикистон ба даст афтодан ва ба Туркия оварда шудани Эмсол Коч, як узви дигари FETO, мехост аз Тоҷикистон фирор кунад, вале кормандони ин ниҳод пешдастӣ карда, ӯро дастгир карданд.

Эмсол Коч аз соли 1994 дар Тоҷикистон ба сар бурда, ба як зани маҳаллӣ хонадор шуда буд. Ӯ 11 сол дар лисейи туркӣ дарс дода, ҳамчунин роҳбари созмони илмию фарҳангии “Диалог” буд. Коч дар аввали моҳи июли соли 2023 дар Душанбе ғайб зад ва баъди чанде хабар расид, ки ӯ алакай дар қаламрави Туркия, дар шуъбаи пулиси зодгоҳаш, вилояти Эрзурум қарор дорад.

Корай Вурал низ мисли Эмсол Коч аз соли 1994 дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва солҳои зиёд мудири яке аз лисейҳои туркӣ буд. Лисейҳои туркиро дар Тоҷикистон тарафдорони Гулен маблағгузорӣ мекарданд.  Соли 2016 муассиси расмии онҳо ширкати туркии “Шалола” барҳам дода шуд ва ҳамаи лисейҳои туркиро дар Тоҷикистон ба мактабу лисейҳо барои хонандагони боистеъдод табдил дода, зери назорати вазорати маориф оварданд.

Баъди давлатӣ шудани лисейҳои туркӣ Вурал дар Тоҷикистон ба тиҷорат машғул будааст. Ӯ унвони номзади илмҳои педагогӣ ҳам дошт, чунки соли 2012 дар Душанбе дар мавзӯи шеваи таълими забони англисӣ ба хонандагон рисолаи номзадӣ ҳимоя карда буд.

Мақомоти Туркия баъди кӯшиши нокомои табаддулоти давлатӣ, ки 15 июли соли 2016 сурат гирифт ва дар ҷараёни он 252 нафар кушта ва 2734 тани дигар захмӣ шуданд, Фатҳуллоҳ Гулен ва тарафдронашро дар ташкили ин табаддулот айбдор карда, садҳо тан аз тарафдорони ӯро боздошту зиндонӣ карданд ва садҳо тани дигарро таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд. Корай Вурал низ аз ҳамон вақт таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст.  Мақомоти Туркия  Гулен ва ташкилоти ӯро ҳамчунон ба он айбдор мекунанд, ки дар тӯли солҳо пайгирона одамони худро дар ниҳодҳои давлатии Туркия, бахусус дар артиш, пулис ва додгоҳҳо ҷой мекард ва тавассути онҳо талош меварзид, ки ба тасмимгириҳои ҳукумат таъсир бирасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Вазири робитаҳои байналмиллалии ҶТ гуяд:

    Аз бахти баланди ин мард ин буд, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро худи ҳамон соли 2016 таслими Туркия накарданд, 6-7 сол фурсат дошт, ки ба кишвари сеюм паноҳ барад, чаро кӯч набаст?!
    Дуввум ин, ки агар худи ин шахс ихтиёран таслими Туркия мешуд, шояд авф ё ҳабси хонагӣ ё ҳадди ақал дар 6-7 сол ҳукмашро адо мекард, алҳол дар озодӣ мебуд?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button