БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “ТОЙОТА” БО РАҚАМИ “КРУТОЙ”-И 11 22 БАРОИ УБУРИ НОДУРУСТИ РОҲ
Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 4 октябри соли 2023 хабар дод, ки дар асоси навори ирсолнамудаи як шаҳрванд аз ҷониби кормандони шуъбаи БДА, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», рақамҳои қайди давлатиаш 11 22 TR01, шаҳрванд Садуллоев Умар Исматуллоевич, санаи таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе боздошт карда шуд.
Худи ронанда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия гуфт, чуноне аз навори ирсол намудаи шаҳрванд дида мешавад номбурда санаи 2-юми октябри соли ҷорӣ, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Н.Қарабоев бо мошини худ сафолакҳои ороишии роҳи пиёдагардро зер намуда, аз ҷойи номуайяншуда роҳро убур ва қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Садуллоев Умар тибқи талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол карда шуд.
Ба ронандаи “Тойота” бо рақамҳои “крутой” бар асоси моддаи 346 барои таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ ва эҷоди мониа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 68 то 136 сомонӣ таҳдид мекунад.