БАРХӮРДИ ДУЧАРХА БО ЧОРВО ДАР ЭСАМБОЙ, АВБОШИИ НОБОЛИҒОН ДАР ХОРУҒ ВА БОЗДОШТИ ДУЗДИ МОҲИР ДАР ҲАМАДОНӢ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2023
Ҳалокати ронандаи дучарха дар натиҷаи бархӯрд бо чорво
Шоми 2-юми октябри соли 2023, тахминан соати 19:30, ронандаи дучархаи (мотосикл)-и тамғаи “МОТО GSI75”, Бутаев Абдурауф Давлатович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Эсамбой ба самти деҳаи Хоҷабулбулони ҳамин ноҳия, зимни аз канори рости роҳ ба тарафи чапи роҳ гузаштан ба чорвои калони шохдор бархӯрда, ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Авбошӣ аз ҷониби ноболиғон
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хоруғ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ, дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда шоми 30-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 19:30, ҳамроҳи ду ноболиғи сокинони шаҳри Хоруғ, дар назди бинои маҷмааи варзишӣ бо ноболиғи 17-солаи сокини ҳамон ҷо аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб ва таввассути олоти халанда (отвёртка) 2 маротиба ба қисми пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани дузди моҳир
Ба ШВКД дар ноҳияи М.Ҳамадонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 31 ҳазор сомонӣ ва 30 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 35 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Оид ба ин ҳолат, нисбати гумонбаршванда бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.