ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВАҚТЕ ҲАМА ХОБ БУД. ЗАМИНЛАРЗА ДАР НИМАШАБ ДАР НАЗДИКИИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ хабар дод, ки шаби 4 октябри соли 2023, соати 03:31 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза рух додааст.

Маркази ин заминҷунбӣ ҳамагӣ дар 7-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шуда, иқтидори заминларза дар маркази он 2-3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил додааст.

Замин дар соате ларзид, ки аксари мардум дар хоб буданд. Бо ин вуҷуд, бисёре аз сокинони пойтахт навиштаанд, ки ларзидани заминро ҳис карда, аз хоб бедор шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гузоришаш гуфт, хушбахтона, ин офати ҷонӣ ягон хисорот ба ҷо нагузоштааст ва касе ҳам бар асари он осеб надидааст.

Заминларзаи шаби 4 октябр алакай сеюмин заминларза дар ҳудуди Тоҷикистон дар дуюним шабонарӯзи охир аст. Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ қаблан хабар доданд, ки рӯзҳои  2 ва 3 октябри соли 2023 , дар шарқи Тоҷикистон ду заминларзаи шадиди иқтидорашон 5,3 ва 4,7 балл тибқи ҷадвали Рихтер рух додааст. Маркази ҳарду заминларза дар фосилаи 44 ва километр аз мавзеи Қаракенҷа, як нуқтаи аҳолинишин бо 2800 аҳолӣ дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар шарқи Тоҷикистон дар наздикии марз бо Қирғизистон ҷойгир шуда буд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларза,  дар як моҳи охир 21 заминларза ва дар як соли охир 256 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор буд, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то поёни моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button