ВарзишВидео

БАЪДИ 17 СОЛ! МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ДАВЛАТ БОЛТАЕВ ВА БИРИНҶИИ МИҶГОНА ДАР БОЗИҲОИ ОСИЁ! (ВИДЕО)

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев шоми 3 октябри соли 2023 дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Хитой (Чин) дар вазни то 92 кило дар даври ниҳоӣ рақиби хитоияш Ҳан Ҳуеэженро ҳам шикаст дода, сазовори медали тилло шуд. Ин дуюмин медали тиллои тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу ва аввалин медали тиллои муштзанони тоҷик дар Бозиҳои Осиё дар 17 соли охир аст. Давлат Болтаев тавонист комёбии муштзани овозадори тоҷик Ҷаҳон Қурбоновро такрор кунад.

Давлат Болтаев 24 сол дошта, 13 январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Давлат Болтаев дар Ҳангжоу аввал рақибаш аз Туркманистон Арслонбек Очиловро бо нокаут шикаст дода, сипас Эркин Одилбек Уулу аз Қирғизистон ва дар даври Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи ҷанубиро шикаст дод. Алакай баъди пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ Давлат Болтаев соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 низ шуд.

Аммо аввалин роҳхати олимпиро аз байни варзишгарони тоҷик муштзани дигари тоҷик Миҷгона Самадова ба даст овард. Миҷгона дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило ба нимфинал баромад, вале рӯзи 4-уми октябр аз Карина Иброҳимова аз Қазоқистон шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

То имрӯз тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу 7 медал: 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст овардааст. Медалҳои тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар гуштини дзюдо дар вазни то 81 кило ва Давлат Болтаев дар бокс дар вазни то 92 кило, нуқраро Темур Раҳимов дар гуштини дзюдо дар вазни +100 кило ва 3 медали биринҷиро Беҳрӯз Хоҷаев дар гуштини дзюдо  дар вазни то 73 кило, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кило ва Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кило  ва Миҷгона Самадова дар бокс дар вазни то 57 кило ба даст оварданд.

Дар байни 36 кишваре, ки дар Ҳангжоу соҳиби медал шудаанд, Тоҷикистон феълан бо 7 медалаш дар зинаи 19 қарор дорад. Пешсаф дастаи мизбон Хитой аст, ки то имрӯз 297 медал, аз ҷумла 161 медали тилло ба даст овардааст. Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф тими Ӯзбекистон аст, ки варзишгаронаш дар Бозиҳои Осиё имсол алакайй 50 медал, аз ҷумла 14 тилло, 15 нуқра ва 21 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё дар Ҳангжоу то 8 октябр идома меёбанд. Тоҷикистон ба ин мусобиқот 118 варзишгарашро фиристодааст.

Ба варзишгарони тоҷике, ки дар ин мусобиқот соҳиби медали тилло мешаванд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ супорида мешавад. Барои медали нуқра 100 000 сомонӣ ва барои медалибиринҷӣ 50 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар шудааст.

Бар илова, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро имзо кард, ки бар асоси он ба барандагони медалҳои нуқраи Бозиҳои Осиё дар пойтахт  хонаи сеҳуҷраӣ, барои барандагони медалҳои нуқра – хонаи дуҳуҷраӣ ва барои онҳое, ки соҳиби медали биринҷӣ мешаванд, хонаи якҳуҷрагӣ тақдим карда мешаванд.

Бозиҳои Осиё аз соли 1951 таҳти сарпарастии Кумитаи олимпии Осиё доир карда мешаванд.

Бино ба иттилои шореҳи шинохтаи варзиш Нарзуллоҳи Латиф,  дастаи яккачини Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 34 медал гирифтааст, ки 6-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 21-тоаш биринҷӣ мебошад. Аз панҷ медали тилло сетоашро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, дутоашро Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев дар риштаи бокс ва як медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар риштаи дзюдо ба даст овардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button