ВидеоҲодисаҶомеа

МӮЙСАФЕДҲОИ АВБОШ: БОЗДОШТИ ДУ ПИРАМАРД ДАР ХУҶАНД БАРОИ ҚАСДАН РАСОНДАНИ ОСЕБИ ВАЗНИН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти якбора ду сокини солхӯрдаи шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми қасдан расондани осеби взнин ба саломатӣ хабар дод.

Аз ҷумла дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия пирамарди 71-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Ин пирамард ба он гумонбар мешавад,  ки 25-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 13:00, дар манзили истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ  бо домодаш, сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз сабабе, ки бо духтараш ҷангу ҷанҷол намудааст, муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, бо корди хоҷагӣ ба шикам ва банди дасти чапи домодаш зарба зада,  ба ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 66-солаи сокини шаҳри Хуҷанд низ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Ин марди солхӯрдаро ба он гумонбар медонанд, ки шаби 21-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 22:00, дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳолати мастӣ бо марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур, бе ягон асос баҳсу муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатиаш, 1 маротиба бо корди хочагӣ ба баданаш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтиши ин парванда ҳам идома дорад.

Ба ин ду пирамарди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 110 барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button