ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАВУ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР КӮШОНИЁН

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони ин ниҳод  рӯзи якшанбе, 1 октябри соли 2023 дар рафъи оқибатҳои як садамаи марговар дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон иштирок кардаанд.

Рӯзи 1 октябр, соати 12:20, ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон дар бораи як садамаи марговар дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён хабар расидааст. Наҷотбахшони ин идора ба ҷои ҳодиса расида, муайян кардаанд, ки як мошини сабукрави тамғаи “Opel Astra F” таҳти идораи сокини 27-солаи шаҳри Душанбе, ба сабаби аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронанда, ба мошини боркаши тамғаи “Mercedes-Benz Sprinter” бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи “Опел” ва як зани мусофири 53-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Наҷотбахшон бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасадҳои ҳалокатшудагонро аз дохили мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ бори дигар аз ронандагон хостааст, ки дар роҳҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, тамоми қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла суръатро риоя кунанд.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамчунин шаби 8 сентябр бар асари ба мошини боркаши “Долун” бархӯрдани “Тойота Камри” дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини сабукрав бо ду фарзандаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 узви дигари оилаи ӯ: модар, ҳамсар ва се фарзандаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button