ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ФАВРӢ! ЗАМИН ДАР ТОҶИКИСТОН БО ҚУДРАТИ 5,3 БАЛЛ (!!!) ЛАРЗИДААСТ

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки шоми 2 октябри соли 2023 , соати 19:03 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон як заминларзаи сахти иқтидораш тибқи ҷадвали Рихтер, 5,3 балл рух додааст. Маркази зилзиланигории Аврупову баҳри Миёназамин хабар дод, ки маркази ин офати табиӣ дар фосилаи 44 километр ба самти ҷанубушарқ аз мавзеи Қаракенҷа, як нуқтаи аҳолинишин бо 2800 аҳолӣ дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар шарқи Тоҷикистон дар наздикии марз бо Қирғизистон ҷойгир шуда, замин дар умқи 13 километр ларзидааст.

Аммо пойгоҳи зилзиланигории Еarthquaketrack.com хабар дод, ки маркази заминларза дар фосилаи 48 километр ба самти ҷанубушарқ аз Қаракенҷа ҷойгир шуда, заминларза дар умқи 15 километр ба амал омадааст.

Ниҳодҳои зилзиланигории худи Тоҷикистон то ин лаҳза дар бораи заминларзаи ахир маълумоти расмие нашр накардаанд. Дар бораи кадом хисорот ё талафоте бар асари ин офати табиӣ низ то ин лаҳза хабаре ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларза,  дар як моҳи охир 21 заминларза ва дар як соли охир 256 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор буд, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то поёни моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button