ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки моҳи октябр дар ҷумҳурӣ бо ду садамаи марговар оғоз ёфт.

Аз ҷумла шаби 1-уми октябри соли 2023, тахминан соати 01:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Мухторов Сайдаҳтам Абдулазизович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Фархор дар 140-ум километри шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма”, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти ҳаракати муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Қабулов Эраҷ Ҷорубович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Данғара, ки дар канори чапи роҳи мошингард таваққуф карда буд, бармехӯрад.

Дар натиҷа, мусофирони дохили мошини тамғаи “Опел-Астра”, Бобоев Рамазон Бобовалиевич, соли таваллудаш 1989 ва Амирхоҷаев Шавқат Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Восеъ, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Мусофир Бобоев Р.Б. баъди 3 соат дар беморхона ҷон додааст.
Ҳамчунин 1-уми октябри соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс-350”, Мирзохӯҷаев Олимҷон Миримшоевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, бе ҳуҷҷатӣ ронандагӣ аз самти шаҳри “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои мошини тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Ворисов Балаҷон Алимҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур, ки дар роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Сипас мошини Мирзохӯҷаев ба канори чапи роҳ баромада, ба воситаи нақлиёти дар канори роҳ истодаи тамғаи “Мерседес-Бенс-5151СDI”, ки ба Маҳмадаминов Муртазо Маҳмадмусоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронадаи мошини “Мерседес-Бенс-350” Мирзохӯҷаев М. ронандаи мошини “Опел-Астра” Ворисов Б. ва мусофирони мошини “Мерседес-Бенс”, Қосимов Худойберди Шораҳматович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд ва мусофири дигари мошини тамғаи “Опел-Астра”, Эшонова Зебунисо Абдулҳамидовна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Кӯшониён ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамчунин шаби 8 сентябр бар асари ба мошини боркаши “Долун” бархӯрдани “Тойота Камри” дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини сабукрав бо ду фарзандаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 узви дигари оилаи ӯ: модар, ҳамсар ва се фарзандаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button