АфғонистонВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН ЭЪЛОМИЯИ ҚАЗОНРО ИМЗО НАКАРД, ШИНОСНОМАҲОИ “ТОЛИБОН”-РО ДАР МАСКАВ ДУЗДИДАНД

Дар 5-умин нишасти “Формати Маскав” ки санаи 29-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия доир шуд, ба зарурати ташкили ҳукумати фарогири миллӣ, таъмини ҳуқуқи занон ва мубориза бо таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистони зери султаи гурӯҳи “Толибон”  таъкид шудааст. Дар ин ҳамоиши бахшида ба масоили Афғонистон, ба ҷуз аз намояндагони расмии Русия, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон, ҳамчунин вазири корҳои хориҷии “Толибон” Амирхон Муттақӣ низ иштирок намуд.  Бино ба навиштаи расонаҳои Русия, Амирхон Муттақӣ ба ин нишаст ба унвони “меҳмон” даъват шудааст.

Ба ин нишаст намояндагони Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи Арабӣ, Қатар ва Туркия ба ҳайси нозир даъват шуданд, вале намояндаи Амрико иштирок надошт.

Амирхон Муттақӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки “кишварҳои минтақа (дар назар аст кишварҳои ҳамсояи Афғонистон) дар таомул бо Аморати исломии Афғонистон пешгом ҳастанд ва дар ду соли гузашта шоҳиди таомулоти сиёсӣ ва дипломотикии зиёд шудаанд”. Ӯ ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақаро “фасли наве дар равобити дипломатии Афғонистон” тавсиф намуд.

Муттақӣ ҳамчун далели гуфтаҳои худ бо ишора ба таъйини сафири Хитой дар Кобул афзуд, ки “Чин бо ташрифоти Аморати исломӣ ба Афғонистон сафир муаррифӣ кард. Мо таваққӯъ дорем, ки ин иқдоми Чин барои кишварҳои дигар улгӯ шавад”.

Бо ин ки намояндагони кишварҳои дар нишаст ҳузурдошта аз афзоиши нуфузи гурӯҳҳои террористии марбут ба “Ал-Қоида” ва “ДОИШ” ибрози нигаронӣ намуданд, Муттақӣ бо як қатъияти том гуфт, ки “Толибон” дар ду соли гузашта тавонистанд махфигоҳҳои “ДОИШ”-ро дар тамоми Афғонистон нобуд кунанд”.

Ҳамчунин бино ба гуфтаи ин мансабдори “Толибон” ба ниҳодҳои амниятии “Аморати исломӣ” муяссар шудааст дар гузаштаи начандон дур, як “тавтеаи бузург” дар баробари амнияти тамоми минтақаро хунсо кунанд. Вале ӯ шарҳ надод, ки гап дар сари кадом амалиёт меравад, ки ниҳодҳои амниятӣ ва ҷосусии дигар кишварҳо аз он дар ғафлат мондаанд?

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид намуд, ки “Толибон натавонист ба ваъдаҳои худ дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористии дар хоки Афгонистон ҳузурдошта амал кунад”.

Бо ин, ки намояндагони кишварҳои ҳузурдошта дар нишаст бар сари “ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи намояндагони қавмҳои Афғонистон ва гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар таъкид намуданд”, вазири корҳои хориҷии “Толибон” гуфт, ки “нусхаи хориҷии ҳукумати ҳамашумул, бӯҳрони Афғонистонро дар чандин даҳаи гузашта ҳал карда натавонистааст”. Ҳамзамон сарпарасти вазорати корҳои хориҷии “Толибон” иддао намуд, ки режими “Толибон” аз “машрӯъияти динӣ ва миллӣ” бархӯрдор аст.

Аз ҳузури намояндаи “Толибон” дар ин нишаст “Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон” ибрози нигаронӣ намуда, нишасти Қазонро “якҷониба” номид ва дар баёнияе хостори “иштироки ҳамаи тарафҳои қазияи Афғонистон” дар чунин нишастҳо шуд.

Ба таври доимӣ ва ҳамчун анъана, пас аз нишасти “Формати Маскав” иштироккунандагони ин гурӯҳ эъломияеро ба таври дастаҷамъӣ қабул мекунанд.  Вале имсол намояндаи Тоҷикистон чандин банди ин баёнияи аз тарафи дигар аъзои нишаст қабулшударо напазируфта, аз имзо кардани эъломияи Қазон даст кашидааст.

Бино ба гуфтаи фиристоаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов, “баёния тақрибан тавассути ҳамаи тарафҳо ба ҷуз  азТоҷикистон таъйид шуд. Шарикони мо аз Тоҷикистон ба бархе аз нукоти ин баёния розӣ нестанд”.

Баёнияи поёнии ин нишаст ҳанӯз мунташир нашудааст ва мушаххас нест, ки Тоҷикистон ба кадом бандҳои он мухолифати худро нишон додааст?

Московский формат консультаций по Афганистану состоялся в Татарстане -  Принята Казанская Декларация - News Central Asia (nCa)

Бояд ёдовар шуд, ки намояндаи Тоҷикистон Шараф Раҳимӣ зимни суханронии худ дар ин нишаст аз афзоиши нуфузи гурӯҳҳои террористии дар хоки Афгонистон ва даст ёфтани аъзои ин гурӯҳҳо ба силоҳҳои сабук ва вазнин нигаронии ҷиддии Душанберо баён дошта буд. Ҳамчунин ӯ аз вазъияти бади иқтисодии мардуми Афғонистон ва ҳатто ба ҳуқуқи ибтидоӣ даст надоштани онҳо таъкид намуда, гуфт, ки “ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд кумаки худро ба мардуми Афғонистон расонанд, марзи Тоҷикистон барои онҳо кушода аст”.

Коршиносон борҳо таъкид кардаанд, ки сатҳи иштирокчиёни “Формати Маскав” хеле паст буда, таъсире дар умури дохилии Афғонистон гузошта наметавонад. Онҳо бар он назаранд, ки агар Маскав мехоҳад ягон таъсири дар қазияи Афғонистон расонидан хоҳад, бояд ҳадди ақалл, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокчӣ ё аз он беҳтар, раҳбарони аввали ин кишварҳоро ҷалб кунад.

“Формати Маскав” бори аввал 14-уми апрели соли 2017 бо иштироки ҷонишинони вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндаҳои махсуси 11 кишвар: Русия, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон баргузор шуда, ҳар сол як маротиба ташкили ҷаласаи мекунад.

Нишасти имсол бештар на бо натиҷаҳояш, балки асосан бо як ҳодисаи криминалӣ дар ёдҳо монд. Бино ба хабарҳо, намояндагони ҳайъати “Толибон” дар рӯзи равшан дар Маскав, дар роҳ аз меҳмонхонаашон то фурӯшгоҳи “Ёвропейский” шиносномаҳои худро гум кардаанд.

Баъзе корбарон бо тамасхур дар шарҳи ин хабар навиштаанд, ки “гурӯҳе, ки дар рӯзи равшан ҳуҷҷатҳои худро гум мекунад, чи гуна метавонад як кишвар бо 41 миллион аҳолиро саришта кунад?”.

Бино ба навиштаи телеграм-канали Мash, ҳайъати “Толибон”, ки барои иштирок дар нишасти “Формати Маскав” вориди пойтахти Русия шаҳри Маскав гардида, то рӯзи ба Қазон рафтанашон муваққатан дар меҳмонхонаи  “Президент – отел” ҷо ба ҷо карда шуданд. Аммо рӯзона, яке аз аъзои ин ҳайъат барои харид ба маркази савдои “Европейский” раҳсипор шуда, дар дохили мағозаи “Перекресток” ҳамёни худро гум кардааст. Дар дохили ин ҳамён ба ғайр аз маблағ боз шиносномаи 3 нафар аз аъзои ҳайъати Толибон, аз ҷумла, шиносномаи муовини намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии “Толибон” Аҳмад Зиё Такал низ будааст.

То ба ҳол дар бораи ёфт шудан ё нашудани шиносномаҳои аъзои ҳайъати “Толибон” ягон хабар нашр нашудааст. Mash менависад, ки барои ҷустуҷӯи дуздон  пулиси Маскав даст ба кор шудааст.

У "талибов", которые приехали погостить в Россию, украли паспорта в  супермаркете — DSnews.ua

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Қанда зан ака!!
    Нав фаҳмидм гав сари чӣ мера.

    И Озодира мехонӣ у ҷумлаҳои подарҳавоюшқати намефаҳмӣ чӣ шдай. Матнашон як абзаст ба абзасти дига ҳиҷ пайвастӣ ба якдигар надора. Меги Гугл переводчик перевод кардай. Ёки Салим гуфтагияй ячи бнависен ҳиҷ ки нафаҳма)))

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button