ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИКЕ, КИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БО КОРДУ ГАНТЕЛ ЗАДА КУШТАНД ВА БО ПУЛҲОЯШ Ӯ БА ТОҶИКИСТОН ГУРЕХТАНД…

ВКД Тоҷикистон аз боздошти ду нафар, аз ҷумла як ноболиғ, бо иттиҳоми куштори як муҳоҷири тоҷик дар Русия ва ба яғмо бурдани пулу моли ӯ хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як ноболиғи 16-сола ва як марди 29-сола, сокинони ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд.

Худи дастгиршудагон ва наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, “гумонбаршавандагон 29-уми августи соли 2023, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Митишии вилояти Маскави Федератсияи Русия қарор доштанашон, куштори марди 27-солаи сокини ноҳияи Дӯстиро таҳрезӣ карда, ӯро бо истифода аз “гантел” ва корд ба ҳалокат расонида, маблағҳояшро гирифта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намудаанд”.

Тафсилоти дигари қазия оварда нашудааст. Номи дастгиршудагон ва муҳоҷири тоҷике, ки қурбони онҳо шуд, нашр нашудааст. ВКД  танҳо гуфт, ки нисбат ба гумонбаршавандагон бар асоси қисми дуюми моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Бар асоси қисми дуюми моддаи 104 ба гумонбари калонсол ҳамчун ҷазо барои одамкушӣ аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Вале ба гумонбари ноболиғ ҳамагӣ то 10 соли зиндон таҳдид мекунад, чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҷазои ҳадди аксар барои ҷинояткорони ноболиғ то 10 солро ташкил медиҳад.

Шаҳри Митиши (Мытищи),  макони куштору ғорати муҳоҷири тоҷик, дар вилояти Маскав, дар масофаи 19 километр аз маркази шаҳри Маскав, пойтахти Русия ва дар соҳили дарёи Яуза ҷойгир шудааст. Митиши дар канори МКАД ҷойгир шуда, аз тариқи шоҳроҳҳои Ярославское ва Осташковское бо пойтахти Русия ҳаммарз аст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд. Вале мавридҳои бо марги маҷбурӣ ва аз ҷумла бо дасти ҳамватанони худашон кушта шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ кам нест.

https://youtu.be/H-Jp4S4bHhk

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button