Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЯК РӮЗ ДАР ДАНҒАРА, БАЛХӢ ВА НЕФТОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи як рӯзи 29 сентябри соли 2023 бар асари се садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ се нафар ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла шаби 29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 01:20, ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2107», Мухшулов Манаваршо Яқубович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Исфара-Конибодом”, дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷамоати Нефтобод қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба дарахтони канори чапи роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири ин мошин, Қӯзиев Фаррух Мақсадҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 12:30, ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер”, Алиҷонзода Абдулализ Алиҷон, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 128-650-уми шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи поён”, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Балхӣ, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба қисми чапи роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, Алиҷонзода А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 14:30, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Раннер”, Муҳаммадлатифи Абдунабӣ, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара, бо роҳи дуюмдараҷа ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Амиров Авазхон Талабович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири “Тойота” Холов Иброҳим Абдукаримович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, санҷиши ин ҳодисаҳо идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамчунин шаби 8 сентябр бар асари ба мошини боркаши “Долун” бархӯрдани “Тойота Камри” дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини сабукрав бо ду фарзандаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 узви дигари оилаи ӯ: модар, ҳамсар ва се фарзандаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button