ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ЭЪТИРОЗИ МУХОЛИФИНИ ТОҶИК ДАР БЕРЛИН ДАР РӮЗИ САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Нимаи дуюми рӯзи 28 сентябр ва субҳи 29 сентябри соли 2023 дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон,  ҷамъе аз мухолифони тоҷик тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд. Дар ин гирдиҳамоӣ чанде аз мухолифони ҳукумати президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ иштирок доштанд, вале дар аксу наворҳои нашршуда дида мешавад, ки аксари тазоҳургаронро мухолифони ҳукумати президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳанд. Дар ин эътирозҳо ҷамъе аз фаъолони тоҷик, ки мустақилона аз ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ амал мекунанд, аз ҷумла Вайсиддин Одинаев ва Мушаррафиддин Ризвоншоев низ иштирок доштанд.

Дар аксу наворҳо дида мешавад, ки эътирозгарон шиорҳоеро бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқу журналистон, манъи саркӯби зодагони Бадахшон, риояи ҳуқуқи инсон ва таъмини озодиҳои демократиро баланд кардаанд.

Ин нахустин  иқдоми муштараки Паймони миллии Тоҷикистон ва “Гуруҳи 24”, ду ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯъ буд. То кунун “Гуруҳи 24” усулан аз Паймони миллӣ ва дигар гуруҳҳои мухолифин ҳамеша фосила мегирифт.

Тазоҳуроти аввали мухолифини тоҷик нимаи дуюми рӯзи 28 сентябр дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар минтақаи Моабити шаҳри Берлин доир шуда, сипас эътирозгарон бо шиорҳояшон ба самти меҳмонхонаи “Адлон Кемпински” рафтаанд. Ба бовари онҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аъзои ҳайъати расмии Тоҷикистон дар ҳамин меҳмонхона қарор доштанд, вале касе аз онҳо ба назди эътирозгарон набаромадааст.

Субҳи 29 сентябр намоишҳои эътирозӣ дар маркази Берлин, дар наздикии маҳалли баргузории нахустин нишасти роҳбарони Олмон ва Осиёи Марказӣ баргузор шудааст.

Президентҳои 5 кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 28 сентябр ба Берлин омаданд. 29 сентябр онҳо бо президенти Олмон Франк-Валтер Штейнмайер ва сипас бо канслер, ё садри аъзами ин кишвар Олаф Шолтс мулоқот мекунанд.  Ин нахустин мулоқоти муштараки президентҳои ҳамаи 5 кишвари  Осиёи Марказӣ бо роҳбарони як кишвари узви Иттиҳоди Аврупост ва ҳамагӣ ҳафтае баъди айни мулоқоти нахустини онҳо бо президенти Амрико Ҷо Байден, ки дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал доир шуд, сурат мегирад.

Дар бораи мавзӯи мулоқоти сарони Олмон ва Осиёи Марказӣ тафсилоте дода нашудааст. Вале коршиносон дидорҳои паиҳами сарони кишварҳои ғарбӣ бо роҳбарони Осиёи Марказиро ба чанд масъала, аз ҷумла ҷанги Русия ба зидди Украина, ба қудрат расидани ҳаракати тундрави Толибон дар Афғонистон ва нуфузҷӯиҳои афзояндаи Хитой дар ин минтақаи аз лиҳози стратегӣ ва геополитикӣ муҳиму ҳассос рабт медиҳанд. Кишварҳои Ғарбро бахусус кӯшишҳои Русия барои бо кумак ваё аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ пушти по задани таҳримҳои ба зиддаш эълоншуда сахт ба ташвиш овардааст.

Коршиносон бар ин боваранд, ки кишварҳои Ғарб метавонанд  давлатҳои Осиёи Марказиро ба худдорӣ варзидан аз ҳар навъ ҳимоят аз Русия даъват карда, дар иваз ба онҳо имтиёзҳои ҷиддӣ, аз ҷумла кумаку сармоягузориҳои саршори молиявӣ пешниҳод кунанд. Таҳлилгарони тоҷик дар ҳайъати расмии Тоҷикистон ҳамроҳи президент ба Олмон рафтани вазирони саноату молия ва ёрдамчии президент дар масоили иқтисодиро аз ҳамин зовия арзёбӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button