ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ 2 ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ МУНОҚИША БО 2 ДУХТАРИ ҲАМҶИНСГАРО (3 АКС)

Пулис дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду муҳоҷири ҷавони 24-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба ду духтар дар ноҳияи Калинин дастгир кардааст. Худи ин ду ҷавон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои манобеи хабаргузории русии Регнум, гӯё ба Ҷомӣ Кимсанов ва Муҳаммад Бобозода ранги ғайриоддии мӯйсар ва пирсинг, яъне дар бинию лаб ва дигар узвҳои баданашон овезон кардани ҳалқаҳо, хуш наомадааст. Дар ҳамин ҳол, манобеи Телеграм-канали Маш, як расонаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, хабар додаанд, ки ду духтаре, ки шоми 25 сентябри соли 2023 дар назди боғи ба номи академик Сахаров дар Петербург мавриди ҳамлаи ҷавонони тоҷик қарор гирифтанд, лесбиянка, яъне ҳамҷинсгаро будаанд.

Вячеслав Степченко, сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ба Регнум қазияро чунин шарҳ додааст: “Шоми 25 сентябр, соати 19:26, ба пулис дар бораи муноқишаи байни ду духтар ва ду марди ношинос дар назди бинои №29 дар кӯчаи Замшин хабар расид.  Яке аз ин мардон ба духтарон бо корд таҳдид кардааст. Дар ин суроғаи зикршуда пулис ду марди 24-солаи зодаи яке аз кишварҳои хориҷаи наздикро дастгир кард. Корд ҳам мусодира карда шуд”.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 119 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми таҳдиди куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ду ҷавони тоҷик бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо 480 соат корҳои ислоҳӣ, ё то 6 моҳи ҳабс, ваё то 2 сол корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати то 2 сол таҳдид мекунад.

Муҳаммад Бобозода ва Ҷомӣ Кимсанов ваё наздикони онҳо барои шарҳи моҷаро ҳанӯз дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи манобеи хабаргузории Регнум, ду духтар дар наздикии боғи ба номи академик Сахаров, замоне ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, ки аз як маркази савдо берун мерафтанд. Ду ҷавон дар кӯча онҳоро ҷеғ зада, бо як лаҳни тунд барои симояшон: ранги мӯи сар, пирсинг ва рангубори зиёд мазаммат кардаанд. Духтарҳо низ ба он ду ҷавон бо лаҳни тунд ҷавоб додаанд ва яке аз ҷавонҳо дар пай аз ҷайбаш кордро берун кашидааст. Дар ҳамин ҳол, як занги раҳгузар ба моҷаро ҳамроҳ шуда, аз духтарҳо ҳимоят кардааст ва он ду ҷавон аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Вале пулис хеле зуд яке аз онҳо ва баъди чанде дуюмиро ҳам дастгир кардааст.

Ба иттилои Регнум, ҳамлагарон Муҳаммад Бобозода ва Ҷомӣ Кимсанов ном дошта, аз Тоҷикистон будаанд ва бино ба маълумоти пулис, яке аз онҳо алакай барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба ҷавобгарӣ кашонида шуда будааст.

Манобеи “Маш”хабар додаанд, ки рӯзи 25 сентябр, вақте ки ҷуфти ҳамҷинсгароён бо номҳои шартии Кристина ва Вероника аз маркази савдои ТЦ “Сезон” берун шуда, ба тарафи бинои №29 дар кӯчаи Замшин мерафтанд, онҳоро зодагони Тоҷикистон Муҳаммад Бобозода ва Ҷомӣ Кимсанов ҷеғ зада, барои афту намудашон ҳарчӣ гуфтаанд. Духтарҳо ҳам кам наомадаанд ва яке аз ҷавонҳо аз пироҳани Кристана кашида, дар бораи ақалиятҳо чизе гуфтааст. Духтар тарсида, барои ҳимоят аз худ сангеро аз замин ба даст гирифтааст. Ҷавон дар пай аз ҷайбаш кор баровардааст. Вале дар ин лаҳза як зани раҳгузар аз дасти ҷавони кордбадаст дошта, талаб кардааст, ки ба духтарҳо кордор нашаванд. Ду ҷавон баъди ин аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд…

В Санкт-Петербурге задержаны мигранты, напавшие с ножом на девушек из-за пирсинга и цвета волос
Ҷомӣ Кимсанов
Кристина ва Вероника

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button