ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷирон

ҚОТИЛИ ДУХТАРЧАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи таҷдиди назар ё кассатсионӣ дар Русия рӯзи 13 сентябри соли 2023 дар пайи баррасии дигарбораи парвандаи  сокини шаҳри Серпухови вилояти Маскав Александр Сёминро бо ҷурми таҷовуз ва қатли ваҳшиёнаи  духтарчаи панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳи вилояти Маскав 15 марти соли ҷорӣ Сёминро ба 24 соли зиндони низомаш сангин маҳкум карда буд, вале ин ҳукм наздикони Ҳувайдо, аз ҷумла падараш Абдусалом Саидовро, ки барои қотили духтараш ҳабси умрбод талаб дошт, норозӣ боқӣ гузошт.

 Адвокати ҷабрдидаҳо Шавкатҷон Умаров хабар дод, ки дар додгоҳи кассатсионӣ адвокати Сёмин раҳоии ӯро талаб кардааст, вале тарафи ҷабрдида ва ҳамчунин айбдоркунандаи давлатӣ хостори ҷазои сангинтар барои қотил шуданд. Дар ниҳоят додгоҳ ба қароре расид, ки Сёминро ба ҳабси умрбод маҳкум кунанд.

 Адвокатҳои Сёмин тайи 5 соли тафтишот ва мурофиаҳои додгоҳӣ аъмоли ӯро бо ин тавҷеҳ карданӣ мешаванд, ки ӯ гӯё бемори рӯҳист ва ба табобат ниёз дорад, на ба ҳукми зиндон.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, гуфтааст, ки қотили фарзандаш акнун ҷазои сазовор гирифт ва ӯ фикр мекунад, ки “акнун рӯҳи духтарам шод шуд”. Ӯ ба ҳамаи ҳамватанон барои пуштибониашон аз хонаводаи онҳо дар тӯли ин 5 сол изҳори сипос кард.

Абдусалом Саидов афзуд, ки хотири хонаводаи онҳо ҳам акнун ҷамъ шуд ва ӯ қарзи падариашро дар назди рӯҳи фарзандаш ба ҷо овард ва акнун метавонад бо сари баланд ба Ватан баргардад.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон дар кӯчаи Тяговаяи шаҳри Серпухов ҳамроҳ бо падару модар ва ду хоҳару додараш зиндагӣ мекард. Нимаи дуюми рӯзи 22 июли соли 2018, вақте ӯ дар рӯи ҳавлӣ бозӣ дошт, марди бегонае ӯро бо ваъдаи харидани яхмосу бозича фиреб дода, бо худ бурд. Ҷасади Ҳувайдоро баъди як рӯз аз даруни як сумкаи калон дар чуқурие дар канори роҳи оҳани Серпухов пайдо карданд. Тавре ташхис нишон дод, қотил қабл аз куштани кӯдак ба ӯ дастдарозӣ ҳам кардааст.

Худи ҳамон бегоҳи 23 июли соли 2018 сокинони кӯчаи Тяговая Александр Сёминро дар ҳавлӣ дида, ба корманди пулис нишон доданд, ки қотил ҳамин аст.

Дар натиҷаи кофтуков бо саги бӯгир аз хонаи Сёмин, ки дар ҳамсоягии оилаи Тиллозода мезист, либосҳои дар об тар кардаи Ҳувайдои ғӯррамарг ва як кафшу як лӯхтакашро пайдо карданд. Тафтиши камераҳои назоратии шаҳр нишон дод, ки Сёмин бо сумкае, ки дар дарунаш ҷасади кӯдак буд, дар дурбини дастикам як камера ҳам афтодааст.

Александр Сёмин 27 сол дошта, модари ӯ як омӯзгори машҳур дар Серпухов ва падараш корманди баландпояи ҳукумати ин шаҳр будааст. Сёмин 10 сол пеш ҳатто як муддат дар пулиси Серпухов кор кардааст, вале баъди итмоми давраи санҷишӣ вайро қабул накардаанд.

Дар ҷараёни тафтиши парвандаи қатли Ҳувайдо маълум шуд, ки ин духтари маъсуми тоҷик ягона тӯъмаи Александр Сёмин, гумонбари асосӣ дар қатли ин кӯдаки тоҷик нест. Ба гуфтаи сокинон, як сол пеш низ ба пулис расман шикоят карда буданд, ки ин мард дар майдончаи кӯдакони кӯчаи Тяговая олоти ҷинсиашро ба кӯдакони хурдсол нишон додааст, вале пулис аслан ба ин шикоят аҳамият надода, Сёминро ҳатто бозҷӯӣ накардаанд.

Ба ин далел, раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав 5 роҳбари баландпояи пулиси шаҳри Серпухов, бо шумули сардори пулиси ин шаҳрро барои хунукназарӣ аз сафи пулис ронд.

Дар ҷараёни тафтиши ин парванда, хешовандони бонуфузи Сёмин талош карданд, ки ӯро аз ақл бегона нишон дода, аз ҷавобгарӣ халос кунанд. Онҳо ба падари Ҳувайдо низ 10 миллион рубл пул пешниҳод карданӣ шуданд, то ки аз даъвояш гузарад, вале Абдусалом Саидов инро рад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button