2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 3 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР КОНИБОДОМ
Шоми 12 майи соли 2024 бар асари бархӯрди сарбасари ду мошини “Тойота” ва “Лексус” дар роҳи Хуҷанд – Конибодом дар шимоли Тоҷикистон се нафар ҷон додаанд.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар рафъи оқибатҳои ин садамаи пурқурбонӣ наҷотбахшони ин ниҳод иштирок доштаанд.
Бино ба иттилои расмӣ, шоми 12 майи соли 2024, соати 20:40 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумита занг зада, хабар додаанд, ки дар роҳи Хуҷанд – Конибодом дар ҳудуди ҷамоати Лоҳутӣ дар канори шаҳри Конибодом садамаи сахт шудааст.
Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки ронандаи мошини тамғаи “Toyota Avensus”, сокини 40-солаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва мошини ӯ ба самти муқобили ҳаракат баромада, бо мошини тамғаи “Lexus” сар ба сар бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва ду мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Наҷотбахшон бо истифода аз васоили махсус ҷасадҳои қурбониёни ин садамаи пурқурбониро аз дохили мошини пачақшуда берун оварда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин садамаи пурқурбонӣ бори дигар ба ронандагон ёдовар шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва тамоми қоидаҳои шаракат, ҳамчунин суръатро қатъиян риоя кунанд.
Моҳи майи соли ҷорӣ бо селу боришоташ барои Тоҷикистон дар умум моҳи вазнину пурофат омад. Аз аввали моҳи май дар ин кишвар беш аз 30 нафар алакай қурбони ҳодисаҳои нохуш шудаанд. Тақрибан 20 нафари онҳо бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва ягон 10 нафари дигар бар асари офатҳои табие, чун селу обхезӣ ҷон додаанд ваё дар об ғарқ шуданд. Ҳамчунин дасти кам 2 нафар ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расидаанд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.