КоррупсияНомаҳо ба президент

БА ЗИДДИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ КУШОДААНД

Додситонии кулли Тоҷикистон ба зидди Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ва гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Дар ин бора додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҳисоботи расмиаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи  таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар дар нимаи аввали соли 2023 хабар додааст. Дар ин санад, ки таҳти №7/27-62 аз 7 июли соли 2023 ирсол шуда, як нусхаи он тоза, 5 сентябри соли 2023 ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, Муқимӣ дар наздики 50 ҳолат ба гирифтани ришва ба маблағи беш аз ним миллион сомонӣ айбдор карда мешавад.

Ин ҳисобот асосан ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ тақсим кардану хариду фурӯши  қитъаҳои заминро дар бар мегирад. Додситони кул Юсуф Раҳмон менависад, дар нимаи аввали сол нисбат ба 155 мансабдор, аз ҷумлa 5 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 4 меъмор, 12 корманди кумитаи замин, 17 корманди МБТИ (муассисаи сабти моликияти ғайриманқул), 17 раису заминсози ҷамоатҳо, 7 роҳбари хоҷагиҳои деқонӣ барои ғайриқонунӣ додани замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қаллобӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 12 ҳазору 613 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ё ғайриқонунӣ тақсимкардашуда ба ҳолати аввалаш баргардонда шуданд.

Як мисоли барҷаста дар ҳисоботи додситони кул дар бораи раиси ноҳияи Рашт аст: “Масалан, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Р.Н. бо истифода аз ваколатҳои хидматиаш дар солҳои 2019-2022 ба воситаи раиси ҷамоати деҳоти Ҳоит Аббосзода Д. аз 2 нафар маблағи 29 000 сомонӣ гирифта, ба онҳо аз заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия ғайриқонунӣ дар майдони 0:33 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст.

Ҳамчунин номбурда дар солҳои 2022-2023 аз шахсони алоҳида дар 44 ҳолат, аз ин дар 42 ҳолат барои ҷудо намудани майдони 371,6 гектар замин ба воситаи раиси кумитаи идораи замини ноҳия Ҷабборов А. маблағи 228 ҳазор сомонӣ ва 3000 доллари ИМА, дар 2 ҳолат барои ҷудо намудани майдони 6,11 гектар замин ба воситаи ёрдамчии раиси ноҳияи Кабутов Б. маблағи 30 ҳазор сомонӣ, инчунин барои сохтмони ҳар гуна иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ маблағи 287 ҳазор сомонӣ ва 1000 доллари ИМА гирифтааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Муқимӣ Р.Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”.

Раиси Кумитаи замини ноҳияи Рашт Алимардон Ҷабборов, ки дар ҳисоботи додситони кул зикр шудааст, моҳи майи соли 2023 аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаҳои замин ва  гирифтану додани пора дастгир шуд.

Раҳимҷон Муқимӣ, ки 61 сол дорад ва дар гузашта солҳои зиёд дар идораи андоз ва сипас ба ҳайси раҳбари шуъбаи молияи ноҳияи Рашт кор кардааст, соли 2019 раиси ин ноҳия таъйин шуд. Вақтҳои охир номи ӯ дар робита ба чандин моҷарои коррупсионӣ, асосан бо иттиҳоми гирифтани ришва вирди забони расонаҳо шудааст.

Ба болои ин, мақомоти амниятӣ ошкор кардаанд, ки ду ҷияни ӯ (набераҳои амакҳояш): Алиев Нуралӣ Сафаралиевич, с.т. 1999, зодаи деҳаи Дуобаи ҷаомтаи Тагоба ва Набиев Суламон Саймуминович, с.т. 1996, зодаи деҳаи Саридашт, ҳанӯз солҳои 2014 ва 2015 ба Сурия рафта, ба саффи созмони террористии ДОИШ пайвастаанд.

Аммо моҷароҳои коррупсионии Раҳимҷон Муқимӣ ба сари худ як достони алоҳида аст.

Ҳамроҳ бо ҳисоботи додситони кул ба дасти идораи “Бомдод” ҳамчунин матни баёноти раиси ҷамоати Ҳоити ноҳияи Рашт Дилшод Аббосзода расид, ки ӯ дар баёноташ моҳ ба моҳ навиштааст, ки ҳар моҳ ба раиси ноҳия ё ба таври мустақим ваё ба воситаи раиси дастгоҳ, ёрдамчӣ ва дигар афроди наздикаш чӣ қадарӣ пул ё маҳсулот ҳамчун “доляи раис” месупорид:

“Соли 2021.

Барои меҳмонон 5 ҳазор сомонӣ,

Як фляга асал, як гӯсфанд,

Ҷамъ 8800 сомонӣ (ба раиси дастгоҳ додам)…

Соли 2020

2 гӯсфанд, 10 қоп картоша,

Ҷамъ 5500 сомонӣ…

Моҳи марти соли 2020

Як гов ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ, 2 гӯсфанд  4 ҳазор сомонӣ,

5 ҳазор сомонӣ
Ҷамъ 15 ҳазор (ба роҳбари дастгоҳ супоридам)

Моҳи майи соли 2020

29 ҳазор сомонӣ харҷ карда, барои раиси ноҳияи картошка шинондам…

Сентябри 2019

13 ҳазор сомонӣ, 10 кило гулмоҳӣ  (дар раҳбари дастгоҳ супоридам)

Ноябри 2019

15 ҳазор сомонӣ, 2 тонна картошка (дар раҳбари дастгоҳ)

Ҷамъи маблағҳои соли 2019 143 ҳазору 900 сомониро дар бар мегирад…”

Дилшод Аббосзода  ҳоло мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт аст. Ӯ соли 2022 ба ин мансаб таъйин гардид ва моҳи январ бо талаби раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт барои ин мансаб 100 ҳазор сомонӣ пора дод. Тавре медонем, раҳбари дастгоҳ Холмаҳмад Ортиқовро ҳангоми гирифтани пора кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир карданд, вале ахиран додгоҳ ӯро ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, аз ҷавобгарӣ озод кард. Моҳи январ ҳамроҳ бо раҳбари дастгоҳаш Раҳимҷон Муқимиро низ ҳабс карда буданд, вале ӯ он вақт тавонист пуштибонҳои пурнуфузашро дар Душанбе ба кор андохта, худро аз ҷавобгарӣ халос кунад.

Ба болои ин, Муқимӣ вакили Маҷлиси миллӣ буда, аз масунияти вакилӣ бархӯрдор аст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё нуфузи додситони кул барои мутақоид сохтани вакилони Маҷлиси миллӣ ба бекор кардани масунияти вакилии раиси ноҳияи Рашт ва ба ҷавобгарӣ кашондани ӯ кифоят мекунад ваё ин бор ҳам пуштибонҳои ӯ дар Душанбе зӯр мебароянд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button