ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистонФарҳанг

ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК БОЗДОШТИ АБДУҚОДИРИ РУСТАМРО “ДОҒИ СИЁҲ ДАР ТАЪРИХ” ВА “ТАКРОРИ САРНАВИШТИ РӮДАКӢ” НОМИД

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва “Гуруҳи 24”, ду ҳаракати оппозитсионии ҳарду феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ, рӯзи 2 сентябри соли 2023 бо нашри ду изҳороти алоҳида боздошти нависандаи шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустамро ба шиддат маҳкум карданд.

Паймони миллӣ боздошти ин адиби равшанфикрро “дастдарозӣ ба маънавиёт ва фазои адабии миллат” ва “доғи сиёҳи дигаре дар таърих барои насли оянда” номида, гуфт, “баъд аз боздошти сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, ҳоло низоми худкома мехоҳад фазои адабии кишварро низ зери сензураи шадид қарор дода, бо ин роҳ заминаи мағзшӯии мардуми Тоҷикистонро фароҳам орад”.

Паймони миллӣ аз ҳама, ба хусус аз аҳли адаби форсизабон даъват кардааст, ки “дар ин қазия худро канор нагиранд ва барои барқарории адолат садо баланд кунанд”.

“Нагузорем, ки тақдири Одамушуаро, сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  ба ворисаш ва панҷрӯдии замони мо, Абдуқодири Рустам такрор шавад. Набояд доғи сиёҳи дигаре дар таърих барои насли оянда бимонад”, – таъкид шудааст дар изҳороти ПМТ. Ин ишораи мухолифин ба зодгоҳи Абдуқодири Рустам аст, ки 1000 сол баъди Одамушшуаро ӯ низ дар Панҷрӯд, зодгоҳи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.

“Гуруҳи 24” дар изҳороташ боздошти Абдуқодири Рустамро идомаи саркӯб ва зиндонӣ кардани мухолифони сиёсии ҳукумат ва озодандешон номида, гуфт,  ҳукумат “баъди аз байн бурдани мухолифини сиёсии худ ба саркӯбу маҳви матбуоти озод, рӯзноманигорону озодандешон ва ҷомеи шаҳрвандӣ пардохт ва онҳоеро, ки хафвнок мешумурд, барканор кард”.

Инак, афзудааст ин ҳаракати оппозитсионӣ, “навбати қишри дигари ҷомеа – нависандагону равшанфикрони то ҳадде ҳақгӯй ва озодандеш расид. Ҳадаф аз ин нигоҳ доштани ҷомеа дар фазои ваҳшату тарс, фақру бенавоӣ ва идома додан ба дуздиву ғорат кардани мардум ва  дороиҳои миллат аст”.

Тавре қаблан хабар додем, Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик ва  масъули шуъбаи кадрҳои беморстони “Ибни Сино” шоми 31 августи соли 2023 ҳангоми берун рафтанаш аз ҷои кор аз ҷониби кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон дастгир шуд. Мақомот то кунун боздошти Абдуқодири Рустамро шарҳ надодаанд, ки бо чӣ иттиҳоме дастгир шудааст?, вале чанд корманди бемористони “Ибни Сино” гуфтанд, ки чӣ гуна дастгир шудани Абдуқодири Рустамро ба чашми худ дидаанд.

Ҳадси аксар ин аст, ки боздошти ӯ дар чорчӯби парвандаи мудири бемористони “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода сурат гирифтааст. Холиқзода рӯзи 7 августи соли 2023, дар пайи баҳси гарме, ки китоби хотираҳои ӯ бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” барпо кард, бо  иттиҳоми барангехтани кинаву адоват дар заминаи маҳалгароӣ дастгир шуд.

Дар ҷараёни баҳси барпошуда Холиқзодаро дар намунаи қиссаи як ҷавонзани ховалингии 100 сол пеш дар даврони гурезагиашон дар Афғонистон аз ҷониби як қизилбош таҷовуз шуданаш айбдор карда буданд, ки гӯё дар китобаш намояндагони минтақаҳои дигарро паст задааст.

Рӯзи 1 сентябр радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) посухи расмии Додгоҳи олии Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ки додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 11-уми август амри боздошти Абдухалил Холиқзодаро содир кард ва додситонӣ зидди ӯ бар пояи моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Бар асоси айбномаи эълоншуда, Абдухалил Холиқзода ба он айбдор мешавад, ки гӯё “бо гуруҳе аз афрод бо маслиҳати пешакӣ ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва маҳалгароӣ” машғул шудааст. Холиқзода ин иттиҳомро рад мекунад, вале ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 189 аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Абдуқодири Рустам муҳаррири асосии ҳарду китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода буд ва моҳи марти соли ҷорӣ дар маросими рӯнамоии китоби ҷанҷолбарангехтаи “Ҳаводиси рӯзгори ман” ҳамроҳи муаллиф иштирок дошт.

Абдуқодири Рустам 13 октябри соли 1958 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ чандин сол дар нашриёти “Ирфон” ва дар авоили солҳои 90 дар ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” кор карда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як муддат дар Русияву Қазоқистон зиндагӣ ва дар дафтари хабаргузории эронии ИРНО дар Алма-Ато кор кард. Солҳои охир дар бемористони “Ибни Сино” фаъолият дошт.

Абдуқодири Рустам яке аз нависандагони забардаст дар адабиёти муосири тоҷик шинохта шуда, муаллифи чанд ҳикояву қиссаву повестҳост. Аввалин китобаш бо номи «Бурси дуреша» соли 1986 дар нашриёти «Ирфон»  ба нашр расида, соли 2003 дар Алма-Ато китоби ӯ бо номи «Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар» чоп шуд.

Абдуқодири Рустам китоби донишманди қаблазинкилобии рус А. Шишов «Таджики»-ро ба тоҷикӣ тарҷума ва соли 2ғ5 дар Алма-Ато нашр карда, соли 2007 боз ҳам дар АлмаАто «Девон»-и Рӯдакӣ”-ро бо як шарҳи муфассал ба чоп расонд. Соли 2010 дар нашриёти «Шуҷоиён» китоби «Чойхонаи „Роҳат“. Қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб» аз чоп баромад. Соли 2018 Абдуқодири Рустам романи «Пойҳо ва рӯйҳо»-ро ба табъ расонид.

Абдуқодири Рустам ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол буд. Ӯ ҷасурона ба  масоилу ҳаводиси  доғи Тоҷикистон мепардохт ва  назари худро низ ҷасурона баён мекард.

Вале як моҳи охир зоҳиран ба далели мушкилоте, ки болои сари роҳбари бемористони “Ибни Сино” омад, аз шабакаҳои иҷтимоӣ канора гирифта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button