ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонФарҳанг

АЗ НИГИНАЮ ЗИКРИАЛЛОҲ ТО УБАЙДУЛЛОҲУ МОҲПАЙКАР ВА… АЗ АҲЛИ ФАРҲАНГУ АДАБ КИҲО УНВОН ГИРИФТАНД? НОМ БА НОМ (235 АКС)

Рӯзи 30 августи соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли ҷумҳурӣ ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доштанд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Хадамоти матбуоти президент бо нашри 235 акс аз ин маросим хабар дод, ки барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 19 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 20 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо орденҳои Спитамен дараҷаҳои I ва II, 7 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 25 нафар бо медали Ҷасорат, 105 нафар бо медали Хизмати шоиста, 7 нафар бо медали Шафқат ва 11 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз шуданд.

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, аз миёни аҳли фарҳанг имсол бештар ҳунармандоне қадрдонӣ шудаанд, ки ахиран дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон, ки аз 23 то 26 август доир шуд, хуб ҳунарнамоӣ карданд. Ҳунармандон мегӯянд, чунин қадршиносиро бори охир соли 2000, баъди ҳунарнамоияшон дар гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭКСПО дар Олмон мушоҳида карда буданд, ки он вақт ҳам баъди бозгашт гуруҳи бузурге аз ҳунармандон сазовори ҷоизаву унвонҳои давлатӣ шуданд.

Муттаассифона, исми ин 201 барандаи ҷоизаву унвонҳои давлатиро нашр кардаанд. Суоле ба миён меояд, ки агар ҳадаф аз додани унвони ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонии ин шахсони хидматкарда бошад, пас магар хуб нест, ки ном ва корномаи онҳоро ҳам нашр бикунанд, то мардум қаҳрамонҳояшро бишиносад. Ин сари ин 201 нафари қадрдонишударо боз ҳам баландтар мекард ва раванди додани ҷоизаву унвонҳо низ шаффофтару маълумтар мешуд.

Дар бораи ба кӣ расидани ҷоизаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо аз табрикоти парокандаи фарзандон ё ёру дӯстон ва мухлисонашон хабардор мешаведу халос. Ва он ҳам асосан дар бораи ҷоиза гирифтани аҳли фарҳангу адаб, чунки ин тоифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтаранд. Дар бораи ин ки дар соҳаҳои дигар кӣ чӣ ҷоизаву чӣ унвон гирифт, пайдо кардани маълумот хеле сахт аст. Ин ҳам лозим ба гуфтан аст, ки исми бисёре аз ҳунармандони имсол қадрдонишударо низ мисли солҳои қаблӣ овозхони шинохта Ҳаётой Муъминова, ки дӯстонаш ӯро бо шӯхӣ “сухангӯи ғайрирасмии вазорати фарҳанги Тоҷикистон” ҳам лақаб додаанд, дар саҳифааш дар Фейсбук расонаӣ кард.

Ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” муяссар шуд, ки бо истифода аз маълумоти нашршуда дар саҳифаи Ҳаётой Муъминова ва чанд манбаи дигар, аз ҷумла аз саҳифаи журналист Одил Нозир

 исми шуморе аз барандагони имсолаи унвонҳои давлатӣ дар бахши фарҳангро гирд биорад:

  1. Абдуғаффори Абдуҷаббор (драматург) – сазовори унвони Нависандаи Халқии Тоҷикистон
  2. Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан (адиби зодаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) –  сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон
  3. Моҳрухсор Сафиева  (овозхони таронаҳои мардумӣ ва хоҳари Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ) –  сазовори унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон
  4. Баҳром Қодирӣ (мутриб, падари овозхонҳои ҷавон Меҳринигори Рустам ва Сафармуҳаммад Қодирӣ) –  сазовори унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон
  5. Убайдулло Кароматов (хонандаи таронаҳои мардумӣ) –  сазовори унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон
  6. ЗикриАллоҳ Ҳакимов (овозхони эстрада) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  7. Нигина Амонқулова (овозхони эстрада) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  8. Фахриддини Малик (овозхони эстрада) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  9. Моҳпайкар Ёрова (ҳунарпешаи театру синамо) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  10. Фароғат Саидова (сарбалетмейстери ансамбли рақсии “Лола” ба номи Ғаффор Валаматзода) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  11. Амад Саидиков Хубоншоев (ҳунарманд аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  12. Асаншо Саидиков Хубоншоев (ҳунарманд аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  13. Олуча Муалибшоев Хубоншоев (ҳунарманд аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  14. Ақназар Аловатов Хубоншоев (ҳунарманд аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, падари овозхони ҷавон Чоршанбе Аловатов) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  15. Ҷобиршо Хубоншоев (ҳунарманд аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) –  сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
  16. Хуршед Иброҳимзода (хонандаи “Шашмақом” – сазовори унвони Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон
  17. Мирзоумар Мирзоахмедов (ҳунарманди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ) – сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон
  18. Таҳмина Ниёзова (овозхон, набераи ҳунарманди шуҳратёр Боймуҳаммад Ниёзов) – сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Аз онҳое, ки исмашонро то лаҳзаи нашри ин гузориш пайдо накардем, узр мехоҳем.  Дар сурати дарёфти маълумоти нав, рӯйхатро боз такмил хоҳем кард.

Аҳли идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳамаи ҳунармандон, олимон, табибон ва намояндагони касбу соҳаҳои дигарро, ки сазовори унвонҳои баланд шуданд,  табрик гуфта, барояшон комёбиҳову фатҳи қуллаҳои нав ба навро орзу мекунад!

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720310836555/with/53152682494/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффори Шветсарӣ, Барандаи ҷоизаи сулҳи Побел гуяд:

    Дар Шветсария ҳеч гуна мукофот, унвон ё ҷоизаи давлатӣ вуҷуд надорад ва ҳатто, аз кишварҳои хориҷӣ низ мукофоту ҷоиза гирифтан мамнӯъ аст. Шаҳрвандони ин кишвар ҳама дар назди халқу ватан баробар хизмат мекунанд. Аз ин хотир гаронарзиштарин соат-соати шветсарӣ аст ва боамнтарину боэътимодтарин бонк-бонки шветсарист.
    Мо дар чӣ хайёл, шветсария дар чӣ хаёл!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button