ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ БО ПАРДОХТИ ҶАРИМАИ КАМТАР АЗ РИШВАИ ГИРИФТААШ ХАЛОС ХӮРД

Холмаҳмад Ортиқов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, ки моҳи январи соли 2023 аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор доллар дастгир шуда буд, бо пардохти ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ҷарима халос хӯрдааст ва ӯро аз толори додгоҳ озод кардаанд. То эълони ҳукмаш Ортиқов ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт, вале аз мансаби раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия канор рафт.

Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 15 август дар нишасти хабарии ин ниҳод хабари озод шудани Ортиқовро тасдиқ кард.

“Парвандаи ҷиноятии шаҳрванд Ортиқов баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳи ноҳияи Рашт супурда шуд ва бо ҳукми додгоҳ ҷазои ҷарима ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ тадбиқ карда шуд”, – хабар дод Насриддин Низомзода бидуни ироаи ҷузъиёт.

Қаблан гуфта мешуд, ки Холмаҳмад Ортиқов мансаби сардори шуъбаи маорифи ноҳияи Раштро ба як нафар ба маблағи 10 ҳазор доллар фурӯхтанӣ будааст. Он вақт бархе манобеъ хабар дода буданд, ки раҳбари дастгоҳ ин пулро барои раиси ноҳия гирифтааст ва ҳамроҳи Ортиқов раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ низ дастгир шудааст. Вале Муқимӣ, ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, баъди як муддати кӯтоҳ бо кумаки пуштибонҳои пурнуфузаш дар Душанбе тавонист нафақат аз ҳабс озод шуда, дар ин парванда аз муттаҳам ба шоҳид табдили мақом кунад, балки мансаби раиси ноҳияро ҳам дар дасти худ ҳифз кунад.

Ҳарчанд Ортиқов рӯзи 20 январи соли 2023 дар ҳуҷраи кориаш ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ ба даст афтода буд, вале парвандаи ӯро бар асоси моддаи сабуктари 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъу баст карда буданд.

Вале ҳатто моддаи 247 низ ҳамчун ҷазо барои “қаллобӣ” ба ҷуз аз ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ), маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 солро низ пешбинӣ мекунад.

Далели ба ҷои ҳукми зиндон ё ҷаримаи ҳадди ақал бештар аз пораи гирифтааш ба ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, ки ҳатто аз маблағи пораи гирифтаи Ортиқов камтар аст, халос хӯрдани раҳбари собиқи дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт маълум нест.

Таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷаримаи ночиз аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.  Чунин шеваи “раҳмдилона”-и бархӯрд ба парвандаҳои порахӯрӣ мансабдорони дигарро бебок мекунад, чунки итминон ҳосил мекунанд, ки дар сурати ба даст афтодан мисли Холмаҳмад Ортиқов ё собиқ раҳбари агентии содироти ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода, ки 300 ҳазор доллар пора гирифту 130 ҳазор сомонӣ ҷарима супурда боз шуд, бо ягон ҷаримаи ночиз озод хоҳанд шуд.

Танҳо дар рӯзҳои охир чандин мансабдори бо пора бадастафтода, аз ҷумла мудири собиқи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Иқболи Неъматулло, додраси додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зафар Қодирзода ва инак, Холмаҳмад Ортиқов бо ҷарима аз ҷавобгарӣ халос хӯрданд.

Ин дигар масъалаест, ки бояд дар баландтарин сатҳи давлатӣ баррасӣ шавад. Дар бархе кишварҳо барои мансабдорони порахӯр ҳамчун ҷазо ҳукми тӯлонии зиндон ва ба болои он, ҷарима ба маблағи аз 60 то 100 карат бештар аз пораи гирифтаашро ҷорӣ кардаанд. Дар Хитой мансабдори порахӯрро дар сурати ба даст афтоданаш ҳукми қатл ё ҳабси умрбод мунтазир аст.

Номи раиси кунунии ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ имсол дар робита ба ду парвандаи пурсарусадои порахӯрии мансабдорони зердасташ расонаӣ шуд. Ба ғайр аз Ортиқов, моҳи майи соли 2023 раиси Кумитаи замини ноҳияи Рашт Алимардон Ҷабборов низ  аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаҳои замин ва  гирифтану додани пора дастгир шуд.

Генерал Муҳаммадшоҳ Искандарзода, маъруф ба генерал Шоҳ Искандаров, як афсари шинохтаи зодаи Рашт, моҳи январ дар вокуниш ба хабари боздошти раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ғарм Раҳимҷон Муқимӣ ӯро “як ҳаромхӯр” номида, навишта буд, ки мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадаанд.

“Қасам ба Худо, рост аст. Як ҳаромхӯр аст раиси нохияи Рашт. Ман, генерал Шоҳ Искандаров, зодаи ҳамон минтақа ҳастам. Мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадагиянд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия бе иҷозати раис нафас намекашад. Бисёр тарафдорӣ накунед, вақт нишон медиҳад”, навишта буд Шоҳ Искандаров.

Генерал дар идома ин байти машҳурро иқтибос овард абуд:

Қамчини Худо садо надорад,

 Вақте ки занад, даво надорад.

Даҳҳо нафар зери ин изҳори назари генерал Шоҳ Искандаров тугмаи лайкро зер карданд ва яке хитоб ба ӯ навишт: “Чунин порахӯрҳо бояд дар маҳбас бошанд, рафиқ генерал.

Шоҳ Искандаров дар посух ба ин корбар навиштааст: “Ҳатман дар назди  қонун ҷавоб медиҳанд. Фақат Худованд ба онҳо муҳлат додааст. Лекин на ба манфиати онҳост. Ҳар касе амали бад кунад, ҳатман ҷазои бад мегирад. Бе шакку шубҳа!”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button