ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷирон

МУҲОҶИРИ ТОҶИК МАНУЧЕҲР РАСУЛОВ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ МОДАРУ КӮДАКРО НАҶОТ ДОД

Манучеҳр Расулов, муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар як сохтмон кор мекунад, рӯзи 1 августи соли 2023 модару кӯдакро, ки дар дохили як манзили оташгирифта дар қабати 25-уми маҷтамаи истиқоматии ЖК “Светлый” дармонда буданд, аз оташ наҷот додааст.  Манучеҳр бо дидани модару кӯдаки навмед дар лоҷияи манзили оташгирифта бетараф наистод  ва азбаски лифт кор намекард, 25 қабати биноро пиёда тай кард ва ба пеши дари он манзил расида, қуфли даррро бо болға зада, кушод ва модару кӯдакро солиму беосеб аз он хона берун овард. Ин хабар дар як они воҳид дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва Манучеҳр Расуловро ба қаҳрамони рӯз дар расонаҳои минтақаи Урали Русия табдил дод. Садҳо нафар ба ин муҳоҷири тоҷик таҳсину офарин хондаанд.

Чунин амалҳои хуб аз корҳоеянд, ки имиҷи муҳоҷирони тоҷикро дар чашми сокинони бумии Русия ба самти мусбат тағйир медиҳанд. Офарин, Манучеҳр!

Нашрияи “АиФ-Урал” ин ҳодисаро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

Рӯзи 1 август садои фарёди як зан аз қабати 25-уми бинои ЖК “Светлый” баланд шуд – ҷавонзан бо кӯдаки ширмакаш дар даст дар лоҷия истода, фарёд мезад.

Аввалин шуда, садои фарёди ӯро аз майдони сохтмон дар ҳамсоягии он бино Манучеҳр Расулов шунид. Ӯ аввал хаёл кард, ки шояд он зан мехоҳад худашро бо кӯдакаш ба поён партофта, худкушӣ кунад. Ӯ аз сари девор парида, ба тарафи он бино рафт ва фарёд мезад, ки: “Даркор нест! Накун ин корро! Даркор нест! Накун!”

Вақте Манучеҳр наздиктар омад, фаҳмид, ки он манзил оташ гирифтааст ва  он зану кӯдак зери хатар қарор гирифтаанд. Дар чунин ҳолатҳои сӯхтор дар бино тибқи қоидаҳои бехатарӣ лифт аз кор мебарояд ва масдуд мешавад. Ба  ин сабаб муҳоҷири тоҷик пиёда бо зинаҳо то ба қабати 25-ум шитобон давида баромад. Дар онҷо дар пеши дари манзили оташгирифта алакай ҳамсояҳо ҷамъ шуда, талош доштанд, то ба он зану кӯдаки дар дохили манзил дар байни дуду оташ дармонда кумак расонанд, вале талошҳояшон бенатиҷа буд.

Тавре баъдан маълум шуд, ҳангоми гарм кардани хӯрок, қатраҳои равған ба болои плита рехта, оташ гирифтааст. Сипас оташ аз плита ба диван гузаштааст ва занро воҳима зер кардаасту ӯ кӯдаки ширмакашро гирифта, ба лоҷия баромадааст.

Манучеҳр бо истифода аз болға қуфли дарро зада шикаст ва дохили манзили оташгирифта шуд. Ӯ баъдан нақл кард, ки худаш намедонад, ки ин болға аз куҷо дар дасташ пайдо шуд ва ӯ аз куҷо ин қадар қувват пайдо кард, ки қуфли даррро зада шиканад? Вақте дарро кушоданд, дуду оташ дохили манзилро алакай пур карда буд, вале Манучеҳр ба мушкилӣ, аммо ба ҳар сурат тавонист дохил шавад ва то ба лоҷия расида, модару кӯдакро солиму беосеб берун биорад.

Баъди чанде сӯхторнишонҳо низ бо зинаҳо пиёда ба боло расиданд ва сӯхторро хомӯш карданд.

Наҷотбахши тоҷики хоксор зуд ба ҷои кораш баргашт ва вақте ба ҷустуҷӯяш афтоданд, дар ташвиш афтод, ки мабодо барои ҷои корро тарк карданаш ҷазояш диҳанд. Вале баракс шуд: Манучеҳр Расулов барои ин корнамоӣ аз ҷониби фармоишгари сохтмон ва ҳам аз ҷониби ширкати сохтмоние, ки кор мекунад, қадрдонӣ шуд.

Ин хабари хуш аз ЖК “Светлого” дар як они воҳид дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва бисёре аз сокинони ин касаба ва шаҳри Екатеринбург ба мардикори тоҷик таҳсину офарину сипос гуфтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, шореҳи доимии пойгоҳи “Бомдод” гуяд:

    Яке руси мизбонро наҷот медиҳад, дигаре ҳамватани худро корд мезанад, севвумӣ дӯздӣ мекунад, чаҳорумӣ ба ҷанги украина меравад, панҷумӣ айфон дар даст ахбор мехонаду шарҳ менависад, аҷаб аҷамем!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button