ФарҳангЧеҳраҳо

ВАСИЯТИ ҲАЁТ НЕЪМАТИ САМАРҚАНДӢ

31-уми июли соли 2023 устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ 80-сола мешуд… вале афсӯс, ки ду сол қабл марги беамон ин шахсияти қавиирода, боғурур ва рамзи муқовимату бедории тоҷикони Ӯзбекистонро аз мо рабуд…

Ҳаёт Неъмат (тав. 31.07. 1943 — ваф. 18.10.2021) дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар чаҳорсолагӣ дар натиҷаи фалокате маҷруҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи №16 таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз моҳи июни соли 1965 то августи 1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз моҳи августи соли 1983 то декабри 1996 ба ҳайси сармуҳосиби Идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст.

Вале маъюбӣ монеъ нашуд, ки Ҳаёт Неъмат ҳамчун як шахсияти вораста ба камол расад ва дар ҷаҳони форсизабон шуҳратёр гардад.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар ин маврид мегӯяд: “Мо ҳеҷ гоҳ фикр намекардем, ки Ҳаёт Неъмат маъюб бошад. Руҳаш чунон бузург буд, ки гоҳо худамонро пеши ӯ нотавон эҳсос мекардем”.

Воқеан, маҳз руҳи бешикасташ буд, ки на танҳо ҳамчун шоир, балки чун шахсияти номвари Самарқанд дар ақсои олам шуҳрат пайдо кард. Махсусан, ӯ дар охири солҳои 80 пешгоми ҳаракатҳои бедорӣ ва адолатхоҳии тоҷикон дар Ӯзбекистон буд. Барои дифои ҳуқуқи тоҷикон гуруснанишинӣ низ кард ва чеҳраи нохушоянд дар даврони раҳбарии Ислом Каримов буд. Бинобар ин, муддате дар ҳабси хонагӣ қарор дошт ва нашри осораш дар Ӯзбекистон манъ шуда буд. Вале ин монеаҳо натавонистанд руҳи ӯро шикананд. Ӯ зимни сафарҳои хеш ба Тоҷикистон, Эрон, Россия, Қазоқистон, ИМА, Британия, Фаронса ва дигар мамолики олам садои тоҷиконро ба ҷомеаи ҷаҳон мерасонид.

Хушбахтона, баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев рӯзгори шоир осуда шуд.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз 16-солагӣ ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) шеър мегуфт. Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Хумайниро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст, ки аз ҷониби Интишороти «Алҳудо» (Эрон) ба табъ расидаанд. Дар соҳаи драманависӣ ҳам қалам ронда, чанд драмаи манзум офаридааст. Доир ба забони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳқиқот анҷом дода, рисолаи «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017) таълиф кардааст.

Банда бо устод аз соли 2016 ошно шудам. Пас аз як мусоҳиба барои ҳафтаномаи “Тоҷикистон” иртиботу равуои мо зиёд шуд. Эшон маро ба писархондагӣ пазируфтанд. Он шабу рӯзҳо маҷмӯаи ашъорашон ба чоп омода шуда, вале маблағ пайдо намешуд, ки нашр шавад. Дар ин бора банда дар “Фейсбук” навиштам ва бо мусоидати чанд дӯсти фарҳангиамон маҷмӯаи ашъори устод таҳти унвони “Шир…! Шеър…! Шер…!“ соли 2018 ба нашр расид.

Муҳимтарин кори устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ таҳқиқи зиндагӣ ва осори адибони Самарқанду Бухоро дар нимаи дуюми асри 19 то оғози асри 21 аст. Эшон ин давраи ҳасоси таърихии ду маркази фарҳангу адаби тоҷикро беш аз 30 сол таҳқиқ карда, онро ду тазкира “Сипеҳри орзу” (Тазкираи шоирони тоҷики Самарқанд) ва “Уммони беобмонда” (Тазкираи шоирони тоҷики Бухоро) ҷамъбаст намудааст. Китоби аввал соли 2019 дар Душанбе бо мусоидати академик Носирҷон Салимӣ ба нашр расид, вале нашри китоби дуюм ба устод даст надод…

Устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ қабл аз маргашон нашри ин тазкираи муҳимро ба банда васият карда буданд. Тариқи Telegram рӯзҳои охири умрашон зиёд гуфтугӯ мекардем. Орзу доштанд, ки ба Душанбе омада, нашри китобашонро бинанд, аммо… Инак, банда бо маслиҳат ва машварати писари устод Беҳзод китоби “Уммони беобмонда”-ро ҳам ба нашр омода кардам ва Худо хоҳад, рӯзҳои наздик чоп мешавад. Маврид ба гуфтан аст, ки дӯсти мо Ораши Иронпур дар Эрон “Сипеҳри орзу”-ро бозгардонӣ кардаву ба дасти чоп додааст. Бозгардонии “Уммони беобмонда” ҳам ба наздикӣ шуруъ мешавад.

Яъне умри устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дароз аст, корҳои муҳими илмиву эҷодиашон номашонро абадан зинда нигоҳ хоҳад дошт. Ёдашон ба хайр!

Одил НОЗИР

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button