Муҳоҷирон

СОКИНИ МАСКАВ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БАРОИ БА Ӯ ЭРОД ГИРИФТАНАШ ТИРБОРОН КАРДААСТ

Шоми 27 июли соли 2023 дар қасабаи Северное Чертановои шаҳри Маскав як сокини 45-солаи пойтахти Русия як муҳоҷири 23-сола аз Тоҷикистонро аз туфангчаи травматикӣ тирборон кардааст. Фақат барои он ки ин муҳоҷир аз сокини Маскав, ки раҳ ба раҳ шароб менӯшиду қатраҳои шаробаш ба тану либоси ин муҳоҷир низ чошид, хостааст, беадабӣ накунад.

Бино ба иттилои нашрия МК.РУ,  шоми панҷшанбе, 27 июл, наздики соати 21:00, ҷавони тоҷики сохтмончӣ дар ҳавлии биное, ки тармим мешуд, дар назд яке аз мошинҳо истода буд. Сокини Маскав дар ин лаҳза масту аласт ва шишаи шампан дар даст аз назди ӯ гузашт ва қатраҳои шароб аз шиша пош хӯрда, ба бадани ҷавон ва мошини ӯ расидааст.

Муҳоҷири тоҷик ба ин рафтори сокини Маскав эрод гирифтааст. Он мард дар ҷавоб гуфтааст, ки дар зиндагиаш ӯ ҳар коре ки хост, мекунад ва касе ба вай кордор нашавад. Мард баъди ин масту аласт ба роҳаш идома дода, ба хонааш рафтааст.

Вале маълум шуд, ки ӯ дар дил кина гирифта будааст, зеро баъди чанде пистолет ё туфангчаи травматикӣ дар даст аз хона берун омада, аввал ба заво чанд тир зада, сипас мили силоҳро ба тарафи ҷавони тоҷик гардонда, чанд тири дигар тарафаи ӯ задааст. Ҷавони тоҷик аз қисмати қафаси сина ва шикамаш тир хӯрда, ба замин афтодааст. Тирандоз бошад оромона ба хонаи худ баргаштааст.

Баъди рафтани ӯ раҳгузарон ба ҷои ҳодиса мошини “Ёрии таъҷилӣ” ва пулисро даъват карда, ба пулис аломатҳои марди тирандозро гуфтаанд.

Кормандони пулис бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ ба кадом даромадгоҳ даромадани тирандозро муайян карда, соате баъд ӯро дастгир карданд. Ӯ дар назди лифт замоне ба даст афтод, ки шишаи аввали шампанро нӯшида, тамом карда буд ва мехост барои харидани шишаи нав аз хона барояд ва ба мағоза биравад.

Маълум шуд, ки ин мард қаблан ҳам ду маротиба барои дар макони ҷамъиятӣ нӯшидани машрубот ба ҷавобгарӣ кашонида шуда буд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Худи муҳоҷири захмӣ низ барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нест ва маълум нест, ки вазъи саломатиаш ҳоло чӣ гуна аст?

Ба сокини Маскав барои авбошӣ бо истифода аз силоҳ ва расондани осеб ба саломатӣ чанд соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button