ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

БАДАХШОНРО ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД БО ШИДДАТИ 4,5 ВА 5,1 БАЛЛ ТАКОН ДОД

Субҳи 29 июни соли 2023 дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон ду заминларзаи шадид рух дод.

Бино ба иттилои марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, заминларзаи аввал субҳи 29 июн,  соати 06:04 ба вақти Душанбe, дар умқи 60 километр рух дода, иқтидори ин офат дар марказаш, дар тақрибан 86-километрии Хандуд, деҳае дар канори дарёи Панҷ дар наздикии марзи Бадахшони Афғонистон бо Бадахшони Тоҷикистон, тибқи ҷадвали Рихтер 5,1 баллро ташкил дод.

Соати  09:57 заминларзаи дуюми боз ҳам сангинтар бо иқтидори 5,1 балл дар Бадахшони Тоҷикистон сабт шудааст. Замин ин дафъа дар умқи 128 километр ларзида, ба ҳисоби марказҳои байналмилалӣ, шиддати зилзила дар марказаш дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар ҳамагӣ 35-километрии шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа 5,1 баллро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо такя ба  Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки маркази зилзилаи ахир дар 280-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 22-километрии ҷануби шаҳри Хоруғ ҷойгир шуда буд. Ба ҳисоби зилзиланигорони тоҷик, шиддати заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3 ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, и заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

Заминларза дар ноҳияи Роштқалъа дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми июни соли 2023 дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа сел омада, ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.

Субҳи 29 июн бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 6 заминларза,  дар як моҳи охир 18 заминларза ва дар як соли охир 208 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, дар наздикиҳои кӯли Сарез рух додаанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button