ВидеоТоҷикистонҲодисаҶомеа

КӢ ӮРО МЕШИНОСАД? НАШРИ АКСИ ЯКЕ АЗ АФРОДИ МУТТАҲАМ БА РАБУДАНИ МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК”

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ, УБОП) ВКД Тоҷикистон ва Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  шоми 27 июни соли 2023 дар саҳифаҳояшон дар Фейсбук чанд акс ва аломатҳои зоҳирии мардеро нашр карданд, ки бовар меравад, шоми 23 июн дар рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев фаъолона иштирок дошт.

Бино ба тасвири тафтишот, ин мард қадаш начандон баланд (тахминан 168 -175 см) буда, намуди баданаш варзишӣ (спортивного телосложения) мебошад ва дар сараш кӯлоҳи навъи бейсболка ё кепка мепӯшад, риши расида ва айнак дошта, зоҳиран барои онки касе ӯро нашиносад, ниқоби тиббӣ истифода мебарад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашри аксҳои яке аз одамрабоёни эҳтимолӣ хотиррасон кардаанд, ки  барои нафароне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд,  дар ҳаҷмӣ 30 ҳазор доллари ИМА мукофот таъйин карда шудааст.

Мақомот бори дигар қавл додаанд, ки таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад.

Мақомот мегӯянд, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории махфӣ бо шаҳрвандон дар Вазорати корҳои дохилӣ утоқи алоҳидаи махсуси махфии боварӣ бо рақами телефони мобилии +992 93-922-24-46 пайваст ба барномаҳои интернетии: WhatsApp, Viber, Imo, Telegram, суроғаи электронӣ: toj.100@mail.ru созмон дода шудааст. Шаҳрвандон метавонанд бо боварӣ ҳамкории худро бо ҳамин утоқи махсуси электронӣ ба роҳ монанд.
Шаҳрвандон метавонанд бо  рақами +992-888-55-11-11 ба телефони боварии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон  Раҳимзода, ки ба месенҷерҳои WhatsApp, Viber, Imo, Telegram пайваст аст  низ занг бизананд.

ВКД Тоҷикистон як рӯз аз ин қабл бо нашри як муроҷиатнома ба нафароне, ки ба ҷинояти одамрабоӣ нисбати шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович – муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» даст задаанд, пешниҳод кард, ки “агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки бо гузашти инак 5 шабонарӯз аз рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев мақомот то кунун ӯ ва онҳоеро, ки ин бонкдори шинохтаро рабуданд, пайдо накардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович – муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Ҳюндай-Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор кардаанд ва аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – майдони сарҳадчиён – маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ҷустуҷӯи Исматуллоев ва одамрабоён идома дорад.

Гуфта мешавад, одамрабоён аз чанд рӯзи пеш аз паси Шуҳрат Исматуллоев мепоиданд ва мошине, ки барои рабудани ин бонкдор истифода шуд, қаблан ҳам, рӯзи 10 июн, дар назди хонаи Исматуллоев дар маҳаллаи 8 Март дар маркази Душанбе ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтода будааст, вале ин мошин он дафъа рақами дигар дошту рӯзи рабудани Исматуллоев рақами дигар. Таҳқиқ  нишон додааст, ки ҳарду рақам ҳам қалбакист.

ВКД Тоҷикистон  рӯзи 26 июн аксҳои мошинеро, ки бо истифода аз он муовини якуми раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро рабудаанд, нашр кард ва эълон кард, ки барои ёфтани ин бонкдори маъруф 30 ҳазор доллар ҷоиза таъйин карда шудааст.

 “Касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд. Таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода шуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ” ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешавад”, –  эълон кардааст ВКД.
Шуҳрат Исматуллоев 49 сол дошта, аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ солҳои зиёде муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд ва ба гуфтаи огоҳон, амалан кори ин бонкро ӯ пеш мебурд. Масъулияти харидҳои “Ориёнбонк” ва ҳамин тавр, таъминоти чорабиниҳои давлатие, ки маблағгузориашро ин бонк бар дӯш мегирифт, асосан дар дасти Шуҳрат Исматуллоев буд ва гоҳо вайро ба ин далел “халтаи пул”-и “Ориёнбонк” низ меномиданд.

Дар бораи инки киҳо метавонанд ӯро рабуда бошанд, фарзияҳо мухталифанд. Дар гузашта низ Шуҳрат Исматуллоев аз ҷониби афроди мухталиф чандин дафъа мавриди ҳамла ва латтукӯб қарор гирифта буд. Як дафъа ба ҳадде лат хӯрда буд, ки ӯро барои табобат ба Маскав бурданд.

Бародари ӯ  Дилшод Исматуллозода қаблан муовини Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон  ва аз соли 2019т то 2022 раиси ширкати ҳавопаймоии буҳронзадаи “Тоҷик Эйр” буд, вале ин ширкатро дигарбора фаъол карда натавонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button