ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ОҒОЗИ МАРОСИМИ ҲАҶ ДАР МАККА БО ИШТИРОКИ ДУЮНИМ МИЛЛИОН ЗОИР АЗ 160 КИШВАР

Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, дар маросими Ҳаҷҷи имсола наздик ба 2,5 миллион зоир маносики Ҳаҷҷи фарзиро адо хоҳанд намуд. Бар асоси оморе, ки мақомҳои Саудӣ ироа кардаанд, ҳудуди 1,6 миллион зоир аз 160 кишвари ҷаҳон ба мақсади адои маносики Ҳаҷ вориди хоки Арабистони Саудӣ гардидаанд ва наздики як миллиони дигар аз зоирони маҳаллӣ низ имсол барои адои Ҳаҷ ба Макка ва Мадина омаданд.

Як мақомдори вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саъудӣ ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ки “имсол шоҳиди бузургтарин шумори зоирон дар таърих хоҳем шуд, зеро шумори зоирон аз марзи 2,5 миллион нафар хоҳад гузашт”.

Рӯзи 25 июн алакай шуморе аз зоирон маросими Тавофро дар гирди хонаи Каъба анҷом доданд.

Маросими Ҳаҷҷи имсола замоне оғоз ёфт, ки гармии ҳаво дар шаҳри Макка ба 45 дараҷа расидааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ,  “имсол барои пешгирӣ аз ҳаргуна фалокат тадбирҳои шадиди амниятӣ гирифта шудааст ва ин тадобири ҷиддии амниятӣ то охири маросими Ҳаҷ ҳукмфармо хоҳад буд, то зоирон бидуни ягон хатар ва душворӣ ибодати худро анҷом диҳанд”. Масъулони Саудӣ ба “Ал-Ҷазира” гуфтаанд, ки “барои кумак ба зоирон беш аз 32 ҳазор кормандро танҳо дар соҳаи тандурустӣ ва “Ёрии таъҷилӣ” ҷалб намудаанд, ҳамчунин афроди зиёдеро барои ба сурати маҷҷонӣ  тақсим кардани оби нӯшокии сард барои зоирон сафарбар намудаанд”.

Аз дигар вижагиҳои Ҳаҷҷи имсола бошад, он аст, ки мақомоти Саудӣ истифод аза ҳуши маснуӣ, скутер ва автобусҳои барқиро низ иҷоза додаанд, то ба зоирон барои роҳнамоӣ, контроли ҳолоти саломатӣ ва ҳамлу нақл кумак кунанд.

Солҳои гузашта, дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷ чандин рӯйдоди маргборе ба вуқуъ пайваста буд. Аз ҷумла дар соли 2015  наздики 2300 зоир зери пой монда, ҷон бохта буданд.

Аз тарафи дигар пас аз бемории  коронавирус ё КОВИД-19 имсол барои аввалин ҳамагуна монеаҳои марбут ба ин беморӣ  дар Саудӣ аз байн бардошта шудааст.

Дар соли 2020 дар авҷи хуруҷи бемори  КОВИД-19 ҳукумати Арабистони Саудӣ ба хотири пешгирӣ ва паҳн нашудани ин вирус фақат 10 ҳазор нафарро иҷоза дода буд то маносики Ҳаҷро иҷро кунанд. Дар соли 2022 бошад танҳо 59 ҳазор нафар иҷозаи анҷоми маносики Ҳаҷро ёфта буданд.

Ҳазорон зоирон  аз Тоҷикистон низ ҳар сол барои иҷрои адои маносики Ҳаҷҷи фарзӣ ва Ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Дар моҳи май Кумитаи дин гуфта буд, ки имсол ҳукумати подшоҳии Арабистони Саудӣ барои зоирон аз Тоҷикистон барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ 7 ҳазор бурсия (квота) ҷудо кардааст ва нархи сафари Ҳаҷ 59 ҳазор сомонӣ, баробар ба 5400 доллари амрикоист.

Гуфт мешуд, ки гусели зоирон аз Тоҷикистон аз санаи 10-уми то 20-уми июн аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Вале то ба ҳол кумитаи дин дар сомонаи худ чизе аз гусели зоирон нашр накардааст. Чанд рӯз пеш расонаҳо хабар доданд, ки гуруҳе аз зоирон дар назди Кумитаи дин гирди ҳам омада, аз сарнавишти сафари худ пурсидаанд. Онҳо гуфтанд, бо онки пули Ҳаҷро супурдаанд, вале то ҳол наметавонанд озими Саудӣ шаванд. Масъулони Кумитаи дин дар шарҳи ин вазъияти пешомада гуфтанд, ки мушкил дар интиқоли зоирон бо айби як ширкати ҳавопаймоии Саудист, ки дар баробари “Сомон Эйр” масъулияти бурдани зоирони тоҷикро ба уҳда гирифта буд.

Адои Ҳаҷ яке аз 5 фарзи асосии дини мубини Ислом буда, ҳар мусалмоне, ки қудрат ва тавоноияшро дорад, дар давоми умри худ бояд ҳадди ақал як бор маносики Ҳаҷро дар рӯзу моҳи муайян дар шаҳри Макка адо намояд. Ҳаҷҷи умраро бошад ҳар мусалмонон дар давоми сол  ҳар вақти дилхоҳ метавонанд адо кунанд, вале Ҳаҷҷи умра мусалмононро аз масъулияти адои Ҳаҷҷи фарзӣ озод намекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button