ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МИСЛИ КИНО: ЯК ЗАН ДАР ЁВОН ҲАМЛАИ РОҲЗАНҲОИ НИҚОБПӮШ БА ХОНААШРО САҲНАСОЗӢ КАРДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 27.06.2023

Ошкор шудани “роҳзанӣ”

c38ea8ea00e36a47857c7dfec8f49e1e

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, ду нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш ба манзили истиқоматиаш даромада, бо истифода аз корд ӯро таҳдиди куштан намуда, дасту пояшро бо ресмон баста, аз ҷузвдони варзишӣ 50 ҳазор сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро худи муроҷиаткунанда бо маслиҳати пешакӣ бо духтари ноболиғаш сохтакорӣ (инсценировка) намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар бораи сабаби даст ба чунин саҳнасозӣ задани ин зан чизе гуфта нашудааст.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

121

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 46-солаи сокини шаҳри Исфара, 24-уми июни соли 2023 дар кӯчаи С.Айнии шаҳри мазкур бо марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 1 маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 34-сола бо ҷурми дуздии чорво

50

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон аризаи зани 59-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 18 ба 19-уми июни соли 2023, тахминан соати 02:00 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Фахробод 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

11

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 26-уми июни соли 2022, марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Лексус ЛС600”,-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 50 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 50 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини шаҳри Исфара 18-уми августи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ ба муҳлати ду моҳ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button