ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НУРОБОД ВА ҚУБОДИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз ду садамаи марговар хабар дод, ки ҳарду субҳи барвақти 24 июни соли 2023 рух додаанд: яке дар Нуробод ва яке дар Қубодиён.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи барвақти 24-уми июни соли 2023, тахминан соати 05:30, ронандаи мошини тамғаи “Спринтер-Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Алиев Саймуҳиддин Аслиддинович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рашт дар ҳудуди деҳаи Ҳакимии ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ ба чуқурии 7 метр чаппа шудааст.

 Дар натиҷа, ронанда Алиев С.А., дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дохили мошин Алиев Шамшод, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Лахш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамчунин субҳи 24-уми июни соли 2023, тахминан соатҳои 03:55, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Юлдошев Муҳаммадумар Баҳромович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Қизилнишони ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ҷураев Олимҷон Абдуллоҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкурро зада пахш намудааст. Дар натиҷа Ҷӯраев Олимҷон дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button