Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ МАРДУМФИРЕБӢ БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 8 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 июни соли 2023 аз боздошти зане хабар дод, ки ба қаллобӣ ва мардумфиребӣ ба маблағи қариб 8,5 миллион сомонӣ, ё наздики 800 ҳазор доллар айбдор мешавад.

“Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар рафти амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Рабиева Зулфия Абдураҳмоновна, соли таваллудаш 1968, зодаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Помир-261, ки дар асоси моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карда шуд. Ёдрас менамоем, ки гумонбаршуда Зулфия Рабиева бо кирдорҳои мардум фиребонаи худ ба ҷабрдидагон 8 миллиону 430 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддии молӣ расонидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар саҳифаи Раёсати кофтукови ҷиноӣ дар Фейсбук.

Ин ниҳод бо нашри акс ва хабари боздошти ин зан аз шаҳрвандон хостааст, ки агар дар мавриди кирдорҳои ҷиноятии мардумфиребонаи гумонбаршуда Рабиева Зулфия маълумоте доранд ва ё зарари молӣ дидаанд, метавонанд ба рақамҳои телефони (+992 37) 227 10 07 ваё (+992) 880 45 12 12 ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Қаллобӣ ва мардумфиребӣ аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. ВКД тақрибан ҳар рӯз аз боздошти афроди муттаҳам ба қаллобӣ хабар медиҳад.

Бино ба омори расмӣӣ ВКД, соли 2022 дар кишвар 3263 ҷинояти қаллобӣ сабт шудааст, ки ин тақрибан 15% аз ҷамъи 24 ҳазор ҷинояти дар Тоҷикистон дар давоми як соли гузашта сабтшударо ташкил медиҳад. Вале бовар меравад, ки шумораи аслии мавридҳои қаллобӣ аз ин омори расмӣ хеле бештар аст, вале бисёре аз ҷабрдидагон бо умеди ин ки шояд дар дили қаллобони онҳоро фиребдода ҳисси раҳм бедор шаваду пулашонро баргардонанд, то замони ин умедашонро пурра аз даст додан ба мақомот муроҷиат намекунанд.

https://www.facebook.com/groups/1037828543253728/posts/1902293603473880/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button