ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ЗАНОЗАНИИ БЕШ АЗ 500 ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР ЯК КОНИ “ГАЗПРОМ” ДАР ВИЛОЯТИ ИРКУТСК (ВИДЕО)

Дар ҷараёни занозании гуруҳӣ бо иштироки садҳо муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон дар як кони ширкати “Газпром” дар вилояти Иркутски Русия 9 нафар ҷароҳат бардоштаанд.  Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Иркутск ба хабаргузории русии ТАСС  гуфтанд, ки ин занозанӣ рӯзи 23 июни соли 2023 дар кони Ковикта дар ҳудуди ноҳияи Жигалово дар заминаи маишӣ рух додааст.

Гуруҳи фаврию тафтишотии пулис ба ҷои ҳодиса рафта буд. Дар ҳоли ҳозир кормандони пулис ба муайян кардани иштирокчиёни фаъоли ин муноқиша машғуланд”, – гуфтаанд дар пулис.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, вале вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 26 июн хабар дод, ки консули сафорати ин кишвар дар Русия барои “расондани кумакҳои консулию ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Қирғизистон” ва мулоқотҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудааст.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон гуфт, 5 нафар аз 9 нафари дар ин муноқиша осебдида шаҳрвандони ин кишвар будаанд.
“23 июни соли 2023 дар кони гази Ковикта дар ноҳияи Жигаловои вилояти Иркутски Русия байни шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон дар заминаи маишӣ занозании гуруҳӣ бо иштироки беш аз 500 нафар рух додааст. Дафтари сафоарти Қирғизистон дар Русия бо осебдидагон ба сурати фаврӣ тамос барқарор кард. 5 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд ва як нафари онҳоро дар бемористон бистарӣ кардаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон.

Телеграм-канали SHOT  хабар дод, ки сабаби муноқиша баҳси коргарони тоҷику қирғиз бар сари навбат дар ошхона шудааст.

 “Муноқиша аз он сар шуд, ки касе кӯшиш кардааст, ки бидуни навбат ба ошхона дарояд. Муноқишаро дар дохили ошхона зуд фурӯ нишонданд, чунки вақти хӯрокхӯрӣ буд. Вале баъди хӯроки пешин шаҳрвандони Қирғизистон ба назди хобгоҳҳои муҳоҷирони тоҷик омада, занозанӣ карданд. Иштирокчиёни аз ҳама фаъол ҳамон 9 нафаре буданд, ки ҷароҳат бардоштанд ва бо захмҳои гуногун пеши табибон рафтанд”, – хабар медиҳад ин канал.

SHOT номи 9 нафари осебдида ва чӣ ҷароҳат бардоштани онҳоро низ нашр кардааст:

1. Маматов А., 31-сола, ҷароҳатҳо аз қисмати сар.
2. Нормуратов М.: ҷароҳатҳо аз қисмати  сар.
3. Алмазбеков А.:  ҷароҳат аз қисмати шикам.
4. Билалов А.: осеби пӯшидаи косахона ва мағзи сар (ЗЧМТ),  ҷунбидани мағзи сар.
5. Атырбеков Б.: осеби зиёд аз қисмати сар.
6. Чоршанбиев Ф., 44-сола: осеби пӯшидаи косахона ва мағзи сар (ЗЧМТ),  ҷунбидани мағзи сар.
7. Сайдалиев Б.: осеби зиёд аз қисмати сар.
8. Сафаров Д.: осеби зиёд аз қисмати сар.
9. Искандари М.: осеби зиёд аз қисмати сар.

Кони Ковикта, ба ширкати бузурги “Газпром” тааллуқ дорад, тахминан дар 450-километрии шимолушарқи Иркутск ва 320-километрии ғарби Северобайкалск ҷойгир шуда, бо 2,7 триллион метри мукааб газу 90,6 миллион тонна конденсати газ бузургтарин кони гази Русияи шарқӣ ва манбаи асосии газ дар маркази истихроҷи гази Иркутск ба шумор меравад. Ин кон дар баробари кони Чаяндаи Ёқутистон манбаи асосӣ барои лӯлаи гази “Сила Сибири” ва корхонаи коркарди гази Амур (АГПЗ) дониста мешавад. Дар кони Ковикта ва дигар корхонаҳои соҳаи газ дар Сибири шарқӣ ҳазорон муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекунанд. Соли 2022 дар пайи як чунин занозании гуруҳӣ дар корхонаи коркарди гази Амур, ки низ байни коргарони тоҷику қирғиз ва низ дар ошхона рух дода буд, он корхона даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистону Қирғизистонро аз кор ронд.

Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд!

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button