ВидеоИқтисодТоҷикистон

ВАЪДАИ 30 ҲАЗОР ДОЛЛАР МУКОФОТ БАРОИ ПАЙДО КАРДАНИ МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК”

ВКД Тоҷикистон  рӯзи 26 июн аксҳои мошинеро, ки бо истифода аз он муовини якуми раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро рабудаанд, нашр кард ва эълон кард, ки барои ёфтани ин бонкдори маъруф 30 ҳазор доллар ҷоиза таъйин карда шудааст.

Бино ба иттилои расмии ВКД, шоми 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғаффорович, ҷойи кораш – муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Ҳюндай-Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – Майдони сарҳадчиён – маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, ба назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.

ВКД гуфт, вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишотӣ пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷуӣ идома дорад.
“Касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд. Таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода шуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ” ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешавад”, –  эълон кардааст ВКД.
Ин ниҳод гуфт, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории махфӣ бо шаҳрвандон дар Вазорати корҳои дохилӣ утоқи алоҳидаи махсуси махфии боварӣ бо рақами телефони мобилии +992 93-922-24-46 пайваст ба барномаҳои интернетии: WhatsApp, Viber, Imo, Telegram, суроғаи электронӣ: toj.100@mail.ru созмон дода шудааст. Шаҳрвандон метавонанд бо боварӣ ҳамкории худро бо ҳамин утоқи махсуси электронӣ ба роҳ монанд.
Шаҳрвандон метавонанд ба рақами телефони боварии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон  Раҳимзода  низ занг бизананд: +992-888-55-11-11 пайваст ба барномаҳои месенҷерии WhatsApp, Viber, Imo, Telegram.

Шуҳрат Исматуллоев 49 сол дошта, аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ солҳои зиёде муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд ва ба гуфтаи огоҳон, амалан кори ин бонкро ӯ пеш мебурд. Масъулияти харидҳои “Ориёнбонк” ва ҳамин тавр, таъминоти чорабиниҳои давлатие, ки маблағгузориашро ин бонк бар дӯш мегирифт, асосан дар дасти Шуҳрат Исматуллоев буд ва гоҳо вайро ба ин далел “халтаи пул”-и “Ориёнбонк” низ меномиданд.

Дар бораи инки киҳо метавонанд ӯро рабуда бошанд, фарзияҳо мухталифанд. Дар гузашта низ Шуҳрат Исматуллоев аз ҷониби афроди мухталиф чандин дафъа мавриди ҳамла ва латтукӯб қарор гирифта буд. Як дафъа ба ҳадде лат хӯрда буд, ки ӯро барои табобат ба Маскав бурданд.

Бародари ӯ  Дилшод Исматуллозода қаблан муовини Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон  ва аз соли 2019т то 2022 раиси ширкати ҳавопаймоии буҳронзадаи “Тоҷик Эйр” буд, вале ин ширкатро дигарбора фаъол карда натавонист.

.

185
186
187
188

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ё уро ба мансаби болотар пешбарй карданй хастанд, аз Ин хотир бо Ин спектакль якум дар медиа машхур мешавад, дуюм ба хотири содик мондан ба командаи рустам аз у «компромат» месозанд, далели гуфтахои боло Ин аст, ки шухратро аз бонкхои бонуфузи чахон, аз чумла ЕБРР ва хатто биржаи Нью-Йорк ба кор даьват кардаанд, Хасан монеъ шудааст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button