ВидеоИқтисодТоҷикистонҲодиса

ЧАНД РӮЗ АЗ ҚАФОЯШ ПОИДААНД: ТАФСИЛОТИ РАБУДАНИ МУОВИНИ АВВАЛИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК”

Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи нопадид шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон бо иттиҳоми “одамрабоӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Шуҳрат Исматуллоев соати тақрибан ҳашти шоми 23-уми июни соли 2023 аз назди манзили зисташ дар кӯчаи Шукуфони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз ҷониби афроди ношинос бо як мошини “Ҳундай Соната”-и рангаш сиёҳ рабуда шуд. Кӯчаи Шукуфон (собиқ Студенческая) дар маркази пойтахти Тоҷикистон дар паҳлуи хиёбони Рӯдакӣ, дар минтақаи байни кинотеатри “8 Март” ва чойхонаи “Саодат” ҷойгир шудааст.

Дар як санаде, ки рӯзи 26-уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин ҳодиса “одамбрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ношинос” номида шудааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки зоҳиран ин гурӯҳ аз чанд рӯз пеш тарҳи рабудани бонкдори тоҷикро доштаанд. Аз ҷумла мошине, ки бо он Исматуллоевро рабудаанд, рӯзи 10-уми июн низ аз соати 15 то 18 дар атрофи хонаи ӯ мушоҳида шудааст. Ин ба маъноест, ки одамрабоён аз чанд рӯзи пеш аз қафои Исматуллоев мепоиданд ва мунтазири фурсати муносиб будаанд.

Дар санад гуфта шудааст, ки замоне Шуҳрат Исматуллоев аз манзилаш берун мешуд, ӯро чор нафар бо зӯрӣ ба мошини “Ҳундай Соната”-и сиёҳшиша савор карда, тариқи хиёбони Рӯдакӣ ба самти маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло бурдаанд. Камераҳои назоратӣ гузаштани мошин аз бозори “Кушониён”-ро сабт кардаанд, вале дигар ҳеч ҷое нишоне аз онҳо дида нашудааст. Рақами мошине, ки ин гурӯҳ истифода кардааст, қалбакӣ будааст.

Феълан амалиёт барои пайдо кардани бонкири тоҷик дар навоҳии атрофи пойтахт ҷараён дорад. Шоҳидони айнӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз афзоиши нерӯҳои интизомӣ дар даромадгоҳҳои ғарбӣ ва шимолии пойтахт хабар додаанд.

Як тан аз дӯстони Шуҳрат Исматуллоев қаблан гуфта буд, ки аз замони нопадид шуданаш то кунун рақамҳои телефони  ӯ кор намекунад.

“Камераҳои назоратӣ нишон додаанд, ки ӯро аз маҳаллаи 8-уми март савор кардааанд ва ин мошин аз тариқи бозори “Кушониён” ба самти ноҳияи Варзоб рафтааст. Шуҳра,  агар сафарҳои хориҷӣ ё ягон минтақаи дур намерафт, ҳеч гоҳ шаб дар дигар ҷо намеистод ва ҳатман ба хонааш меомад. Хонаводааш сахт нигаронанд,”—гуфта буд ӯ.

Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ тасдиқ карда буданд, ки “шаҳрванди нопадидшуда аз маҳаллаи 8-уми мартро ҷустуҷӯ доранд”, вале тафсилоти дигаре надоданд.

Шуҳрат Исматуллоев 49 сол дошта, аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ солҳои зиёде муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд ва ба гуфтаи огоҳон, амалан кори ин бонкро ӯ пеш мебурд. Масъулияти харидҳои “Ориёнбонк” ва ҳамин тавр, таъминоти чорабиниҳои давлатие, ки маблағгузориашро ин бонк бар дӯш мегирифт, асосан дар дасти Шуҳрат Исматуллоев буд ва гоҳо вайро ба ин далел “халтаи пул”-и “Ориёнбонк” низ меномиданд.

Дар бораи инки киҳо метавонанд ӯро рабуда бошанд, фарзияҳо мухталифанд. Дар гузашта низ Шуҳрат Исматуллоев аз ҷониби афроди мухталиф чандин дафъа мавриди ҳамла ва латтукӯб қарор гирифта буд. Як дафъа ба ҳадде лат хӯрда буд, ки ӯро барои табобат ба Маскав бурданд.

Бародари ӯ  Дилшод Исматуллозода қаблан муовини Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон  ва аз соли 2019т то 2022 раиси ширкати ҳавопаймоии буҳронзадаи “Тоҷик Эйр” буд, вале ин ширкатро дигарбора фаъол карда натавонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Як руз баъд аз фармони «ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» муштариёни ориёнбонк муовини аввали раиси бонкро дуздиданд?!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button