ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ НАФАРИ МУТТАҲАМ ДАР КУШТОРИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР АМРИКО

Пулиси роҳи аёлати Калифорнияи Амрико хабар дод, ки субҳи 24 июни соли 2023 нирӯҳои вижаи SWAT ҳамроҳ бо кормандони пулиси шаҳри Мантека сокини 29-солаи ин шаҳр Эндрю Кристофер Уотсонро бо иттиҳоми қатли ронандаи 37-сола аз Тоҷикистон Илҳом (Илҳомҷон) Шодиевро муайян ва даст кардаанд. Илҳом Шодиев, ки 5 сол боз дар аёлати Каролинаи шимолии Амрико ба сар мебурд ва дар ширкати бузурги “Амазон” ба ҳайси ронандаи мошини боркаш (фура) кор мекард, рӯзи 15 июни соли 2023 дар шаҳри Лэтропи аёлати Калифорния аз як мошини дигари раҳгузар бо чанд тир кушта шуд.

Рубен Ҷонс, намояндаи пулиси роҳи Калифорния хабар дод, ки  мошине, ки аз он Шодиевро парронданд, ва шахсияти тирандоз дар натиҷаи омӯзиши сабтҳои видеокамераҳои назоратӣ ва кӯмаки шоҳидону аҳли ҷомиа муайян карда шуд. Ҷонс гуфт, дастури боздошти Уотсон бидуни иттиҳоми одамкушӣ содир шуда буд, вале ӯро дар зиндони Сан Хоакин алакай бо иттиҳоми куштор ба ҳабси пешакӣ гирифтанд.

Пулиси роҳи Калифорния дар Твиттер чанд акси лаҳзаи боздошти Уотсон аз ҷониби нирӯҳои SWATро низ нашр кардааст.

Сабаби ронандаи тоҷикро куштани ин сокини маҳаллӣ номаълум боқӣ мемонад. Мантека – шаҳраке бо тақрибан 85 аҳолӣ – дар фосилаи ҳамагӣ 8 километр аз шаҳраки Лэтроп, ки Илҳом Шодиев онҷо кушта шуд, ҷойгир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ҷамъияти тоҷикони Амрико ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки зи панҷшанбе, 22 июни соли 2023 дар як масҷид дар минтақаи Квинзи шаҳри Ню-Йорк маросими намози ҷанозаи Илҳом Шодиев доир шуда, баъди ин ҷанозаи ӯро, тибқи хостаи наздиконаш, барои дафн ба Ватан фиристодаанд. Ҷанозаи Илҳом Шодиев дар роҳ аст ва қарор аст, субҳи 26 июн ба Тоҷикистон бирасад.

Ҷамъияти тоҷикони Амрико маъракаи ҷамъоварии кумак бар интиқоли ҷаноза ва барои ёрӣ ба хонаводаи Илҳомҷон Шодиевро ба роҳ андохт. Танҳо дар платформаи Gofundme барои ин кори хайр то имрӯз беш аз 92 ҳазор доллар кумак ҷамъ шудааст.

Тавре қаблан хабар додем, Илҳом (Илҳомҷон) Шодиев, ронандаи фура дар ширкати бузурги “Амазон”, нисфирӯзии панҷшанбе, 15 июни соли 2023 дар шаҳри Лэтропи аёлати Калифорния дар ғарби Амрико ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Ӯро бо чанд захми тир ба беморхона интиқол додаанд, вале табибон Илҳомҷонро аз чанги марг наҷот дода натавонистанд.

Лэтроп, маҳалли ин ҳодиса, шаҳри хурде бо наздики 30 ҳазор аҳолист, ки дар ҳавзаи Сан-Хоакин, дар тақрибан 125-километрии шарқи шаҳри Сан-Франсиско ва 15-километрии ҷануби Стоктон ҷойгир шудааст.

Рубен Ҷонс, намояндаи пулиси роҳи Калифорния дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки Шодиевро аз як мошини дигари разгузар дар шоҳроҳи Interstate 5 парондаанд. “Тақрибан соати 12:48 Шодиев бо мошини боркаши ширкати “Амазон” дар шоҳроҳи Interstate 5 байни шоҳроҳи 120 ва Ист-Луиз-авеню дар Лэтроп аз роҳ берун шуда, ба ду мошини дигар дар канори роҳ ва сипас ба як бино бархӯрд”, – хабар дода буд Рубен Ҷонс.

Баъди чанде шоҳидони зиёде ба пулис занг зада, хабар додаанд, ки пеш аз ин садама тирпаронӣ шудааст. Мақомот тасдиқ карданд, ки Илҳомҷон Шодиев ҳангоми дар сари чанбари фармони мошин қарор доштанаш чанд тир хӯрдааст.

Тирандоз дар курсии пеши мусофири мошине нишаста буд, ки он мошин ҳам мисли мошини Шодиев ба як тараф ҳаракат дошт. Пулис феълан намедонад, ки ронандаи тоҷик қурбонии тасодуфии муноқишаи байни дигарон шудааст ваё пеш аз ин тирпаронӣ гапаш бо онҳое, ки ба сӯяш тир заданд,  ба сабабе гурехта буд.

Дар бораи кушта шудани ронандаи тоҷик дар аёлати Калифорния аксари расонаҳои умдаи Амрико, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии CBS ва ABC, гузоришҳои муфассал доданд.

Илҳомҷон Шодиев 37 сол дошта, фарзанди Бердимурод Шодиев аз ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷанубуғарби Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2018 бо лотерея гринкарта бурда, ҳамроҳи хонаводааш ба Амрико кӯчид ва дар инҷо ба ҳайси ронандаи мошини боркаш кор мекард. Дар тақрибан ҳамаи аксҳояш Илҳомҷон бо фарзандони худ акс гирифтааст. Наздиконаш мегӯянд, ки Илҳомҷон фарзандонашро хеле дӯст медошт ва фақат барои онҳо мезисту кор мекарду нафас мекашид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button