ВидеоИқтисодҲодиса

МУОВИНИ АВВАЛИ ҲАСАН АСАДУЛЛОЗОДАРО ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ БА МОШИН САВОР КАРДА, БА САМТИ НОМАЪЛУМ БУРДААНД

Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон аз шоми 23 июни соли 2023  нопадид шудааст ва то кунун ҳеч нишоне аз ӯро пайдо накардаанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 25 июн бо такя ба манобаеш хабар дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро шоми 23-уми июн аз назди манзили зисташ, воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба “8-уми март”-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе чанд нафари номаълум ба мошини сабукрави “Ҳундай Соната”-и рангаш сиёҳ савор карда, ба самти номаълум бурдаанд. Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ, тафтиши ВКД собит кардааст, ки рақами мошин қалбакӣ будааст.

Як тан аз дӯстони Шуҳрат Исматуллоев, ки нахостааст аз ӯ ном баранд, рӯзи 25-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз замони нопадид шуданаш то кунун рақамҳои телефони  ӯ кор намекунанд.

“Камераҳои назоратӣ нишон додаанд, ки ӯро аз маҳаллаи 8-уми март савор кардааанд ва ин мошин аз тариқи бозори “Кушониён” ба самти ноҳияи Варзоб рафтааст. Шуҳра,  агар сафарҳои хориҷӣ ё ягон минтақаи дур намерафт, ҳеч гоҳ шаб дар дигар ҷо намеистод ва ҳатман ба хонааш меомад. Хонаводааш сахт нигаронанд,”—гуфтааст ӯ.

Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасдиқ кардаанд, ки “шаҳрванди нопадидшуда аз маҳаллаи 8-уми мартро ҷустуҷӯ доранд”, вале тафсилоти дигаре надодаанд.

Шуҳрат Исматуллоев 49 сол дошта, аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ солҳои зиёде муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд ва ба гуфтаи огоҳон, амалан кори ин бонкро ӯ пеш мебурд. Масъулияти харидҳои “Ориёнбонк” ва ҳамин тавр, таъминоти чорабиниҳои давлатие, ки маблағгузориашро ин бонк бар дӯш мегирифт, асосан дар дасти Шуҳрат Исматуллоев буд ва гоҳо вайро ба ин далел “халтаи пул”-и “Ориёнбонк” низ меномиданд.

Бародари ӯ  Дилшод Исматуллозода қаблан муовини Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон  ва аз соли 2019т то 2022 раиси ширкати ҳавопаймоии буҳронзадаи “Тоҷик Эйр” буд, вале ин ширкатро дигарбора фаъол карда натавонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шухратро каблан низ чиянхои худи Хасан Асадуллозода дар утоки корияш хамла карда, бо телефони дастй бинияшро шикаста буданд, ногуфта намонад, ки Шухрат Исматуллоев кабл аз Ин, ки «ориёнбонк» ба дасти Асадуллозода биафатад, дар ончо кор мекард. Хамаи бонкхои дигари Точикистон кабл аз Хасан, шухратро хубтар мешиносанд. Чанд муштарии Ориёнбонк низ касди нобуд кардани уро доштанд. Аз … низ метавонанд ба хотири интиком аз Хасан Асадуллозода, шахси асосй ва наздики уро рабуда, гаравгон бигиранд, чи басо бикушанд, то Хасан аз тарс кисме аз моликиятро тахвил бидихад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button